Нафрин (Ба ҳамватани беватанам Муҳиддин Кабирӣ

Тоҷикистони ман,

Эй меҳани ман,

Хокдони покам.

Дар канори хокат,

Дар бари домани покизаи ту,

Душманат ҷой гириф ,

Душмани беватанат ҷой гирифт.

Гарчи фазанди ту буд,

Ӯ панаҳ бурда ба  номи ислом

Орзу дошт ки оғуштаи хунат созад,

Орзу дошт зи нав зору забунат созад.

Сарнагунат созад.

Орзу дошт , ки ин сулҳи туро ҷанг кунад.

Орзу дошт ба хун ҷомаи ту ранг кунад.

Лек ҳар зарраи хоки покат,

Лек ҳар қатраи оби софат,

Номи ӯ нафрин кард,

Ва ба  ин нафринҳо,

Ҳама халқ омин кард.

                                               Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code