Озмуни расми беҳтарин

Санаи 24- уми ноябри соли 2018 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаби бачагонаи расомӣ озмуни «Расми беҳтарин» гузаронида шуд.

Дар рафти  озмун муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо Маҷидова, мутахассиси пешбари бахши бойгонӣ- матбуотӣ, мутассиси шуъбаи рушди иҷтимои робита бо ҷомеа ширкат намуданд.

Дар озмун зиёда аз 200 нафар хонандагони мактаби бачагонаи рассомӣ ширкат варзида, истеъдодҳои рассомии хуро нишон доданд. Аз байни 200 нафар  хонандагон  20 нафар иштирокчии фаъол интихоб шуда, ба даври финалӣ роҳхат гирифтанд.

 Фаъолон  бо «Ифтихорнома» ва туҳфаҳои  Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин директори мактаб бо  Ифтихорномаи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадршиносӣ карда   шуд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code