Ободкориҳо дар Кӯлоб меафзоянд

 

 

 

 

 

 

 

Дар доираи  таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва анҷом додани корҳои ободониву бунёдкорӣ  санаи 25 ноябр дар шаҳри Кӯлоб як қатор корҳои ободонӣ ба  сомон расонида  шуд.

Дар робита ба ҳамин бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ, муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки роҳбарии гурӯҳҳои кории таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Кӯлоб  бар дӯш доранд,  дар якҷоягӣ бо раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло, муовинони раиси шаҳр дар  ҷамоатҳои  деҳоти Зарбдор ва Зиракӣ   як зумра   иншоотҳо ба истифода супорида шуданд.

Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо  оби ошомиданӣ аз тарафи сокини саховатпешаи ҷамоат Маҳмадзода Фаридун чор  деҳаи ҷамоати деҳоти Зарбдор  бо об таъмин карда шуд. Ин ҷавонмарди ҳимматбаланду саховатпеша  дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода,  дар  деҳаи Гулистон дар масофаи 250 метри мукааб обанбор бунёд намуда, аз  масофаи 2 км  бо қубури қутраш 250 мм барои сокинон об овард. Пиру барнои деҳаҳои Марғак, Гулистон, Мадином Ибронов, ки аз ду деҳа иборат аст,  барои ин кори хайру савоб ба ӯ дуои хайр медоданд.

Худи ҳамин рӯз бо ширкати муҳтарам  Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб, муовинони раиси шаҳр ва дигар меҳмонон аз тарафи сокини ҷамоати деҳоти Зарбдор  Шаҳрбону Муродова  Маркази тиббии «Оила»- ба истифода супорида шуд. Маркази тиббии мазкур  бо маблағи 670 ҳазор сомонӣ сохта шуда, аз ду ошёна иборат аст. Он аз ҳуҷраҳои ташхисӣ, ултрасадо ва дорухона иборат буда 4 нафар шаҳрвандонро  бо ҷойи корӣ фаро гирифтааст. Соҳибкорон, ки  худ духтурони маълумоти олидор  мебошанд, дар оянда ният доранд, ки дар ин бино ҳуҷраҳои физиотерапия ва хатна бунёд намоянд.

Маҳз бо супориш ва ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар деҳаи Андароби ин ҷамоат аз ҷониби роҳбари хоҷагии «Хатлон» Рачабов Азиз   бунёди пул бо дарозии 8  ва паҳноии 4 метр ба сомон расонида шуд. Дар деҳаи Ватаншо Шамсов ва Зарбдори ҷамоати мазкур сохтмони майдончаи варзишӣ ба тариқи ҳашар оғоз ёфта, корҳои бетонрезӣ  идома  дорад.

Муассисаи таълимии  №14-и деҳа  аз ҷониби  хатмкунандагони ин муассиса пурра ба таъмири капиталӣ  фаро гирифта   шуда,   ба истифода қарор гирифт .

Аз ҷониби сокини ҷамоати Зарбдор   Раҷабов Шаифхуҷа дар деҳаи Ватаншо Шамсов сохтмони мағозаи дуошёна ва аз ҷониби соҳибкори дигар Юлдошов Ҳасан мағозаи фурӯши гулҳо  идома дошта, дар деҳаи Сариосиёби ин ҷамоат сохтмони майдончаи варзишӣ ва бунгоҳи тиббӣ  тариқи ҳашар  рафта  истодааст.

Зимни сафари хеш  муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар фабрикаи паррандапарварӣ,ки аз тарафи  Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди   «Саман» бо роҳбарии  Холмуҳаммад  Одинаев дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб дар майдони 10 га сохта шуда истодааст, дидан намуданд.

Маълум гардид, ки аллакай сохтмони иншоотҳо дар  чор бино  анҷом ёфта, дар бинои  маъмурӣ корҳои  заминӣ  оғоз ёфтааст.  20 нафар сохтмончиён  ба  корҳои сохтмонӣ  ҷалб гардидаанд.

 Ҳамаи  иншоотҳо  ба тариқи болопуши изолятсионӣ  маҳкам карда шуда,  бо оғоз ёфтани кор дар  фермаи паррандапарварӣ   60 нафар кормандон бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Таҷҳизотҳо барои фермаи паррандапарварӣ аз ширкати «Кутул сан»-и  кишвари Туртсия рӯзҳои наздик  ба ҷумҳуриямон  ворид карда мешаванд.

Сипас ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб,  муовинони раис ва намояндагони Васоити ахбори омма дар кушодашавии бунгоҳи тиббии ҳозиразамон  дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ ширкат намуданд.

Кушодашавии бунгоҳи тиббӣ аз  намоиши доруҳои гиёҳҳои шифобахш ва ҳунарҳои мардумӣ оғоз ёфта,   ҳунармандони ҷамоати деҳоти Зиракӣ  ҳунарҳои дастии хешро  бахшида ба эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»   пешкаши меҳмонон гардониданд.

Ёдовар мегардем, ки ин бунгоҳи тиббӣ аз тарафи фарзанди ҳамин диёр Холзода Абдулҳаким Қувват  бо маблағи 400 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуда, 5 нафар кормандони тибро ба кор фаро мегирад. Бунгоҳи тиббӣ  аз  чор ҳуҷра: ҳуҷраи момадоя, ҳуҷраи табиби оилавӣ, ҳуҷраи эмгузаронӣ  иборат буда,  барои ба табобат фаро гирифтани сокинони дехаи Корези болои ҷамоати деҳоти Зиракӣ хизмат хохад

                                                                Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code