КӮЛОБ. ВАЪДАИ МУАССИСОНИ 74 КОРХОНАИ НАВБУНЁД

   Дирӯз 25-уми ноябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  бо ҳузӯри ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло ва муовини раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода ҷамъомади навбатӣ оид ба ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳои минтақавӣ, шаҳрӣ ва гурӯҳи калони соҳибкорон ширкат намуданд. Абдуҷаббор Раҳмонзода ба сифати роҳбари гурӯҳи омодагӣ ба ҷашни мазкур, оиди рафти амалҳои тайёрӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб сухан оғоз намуда, қайд намуд, ки бунёди корхонаю нуқтаҳои зиёди хизматрасонӣ, солҳо боз ба дермонӣ тӯл мекашанд. Сипас аз тариқи наворҳо вазъи сохтмони 74 корхонаю нуқтаҳои хизматрасонӣ манзури ҳозирин гардида, аз соҳибони онҳо сабабҳои ба дермонӣ тӯл кашидани онҳо пурсида шуд. Дар рафти пурсишу таҳлилҳо қисмати бештари  муассисон ваъда доданд, ки то нимаи аввали  соли 2019 корхонаҳои бунёдкардаи худро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code