Баромади Раиси шаҳр, Узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Амонулло ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳамдиёрони азиз,  дӯстони гиромӣ!

Имрӯз дар саросари кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатӣ истиқбол карда мешавад, ки ҳамчун санаи фархундаву муқаддас барои миллат шинохта шудааст. Ба ин муносибат ҳамаи шумо ҳамдиёрони азизро табрику таҳният гуфта, ба шумо бурдбориву комёбиҳоро орзумандам.

Дӯстони азиз,

Парчам, дирафш, ливо ё байрақ мафҳуми ягона буда, дар маҷмӯъ маънии шинохти давлату миллатро дорад. Парчам ва парчамдорӣ ҳанӯз пеш аз мелод дар китоби  «Авасто» зикр гардидааст.

Куҳантарин ишора дар бораи корбурди дирафш дар ҷомеаи ориёиҳо дар «Авесто» омадааст.

Бархе аз пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки дирафшҳои ёдшуда дар «Авесто» монанд ба «Дирафши Ковиёнӣ» будаанд,  ки басе дертар падид омадааст.

Таърих гувоҳ аст, ки парчамдорӣ эҷоди мардуми мо буда, ҳастии миллат ва давлатдориро муайян мекард. Тӯли таърих давлатҳои Ҳахоманишинҳо, Ашкониён, Сосониён ва Сомониён ҳар яке парчамдор буданд.

Дирафши коваёнӣ яке аз ривоятҳои машҳури тоҷик ва тамоми қавмҳои ориённажод аст, ки дар “Шоҳнома”–и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ба шакли достони назмӣ дароварда шудааст. Дирафши коваёнӣ парчами тамоми шоҳони ривоятӣ ва парчами давлатии аҳди Кушониён ва Сосониён буд.

Парчам рамзи Ватан, номус ва нанги миллат аст.Тоҷикон дар ҳайати Бухорои Шариф ва иттиҳоди Шуравӣ низ парчами худро доштанд.

Таърих вобаста ба парчам ва ин  миллати фарҳангофару давлатсоз мисолҳои зиёд дорад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун як рамзи давлатӣ шинохта шудааст, аз сарчашмаҳои хеле зиёди фарҳангӣ ҳангоми   омода кардани он истифода шудааст.  Дар Иҷлосияи  16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 ки  дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид,  парчами Тоҷикистон  мавриди қабул қарор гирифт ва пӯшида нест, ки  дар таҳия ва пешниҳоди он  олимон ва аҳли фарҳанг назари худро  пешниҳод карданд ва  парчами давлати тоҷик, ки  имрӯз ҳамчун рамзи давлатӣ  шинохта шудааст,  бо рангҳи хеле зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамаддуни  пешазисломӣ ва  баъдиисломии  мардуми мо аст,  яъне тамоми арзишҳои миллию  таърихии моро ифода мекунад.

Ин буд, ки  дар  асоси муқаррароти моддаи 3-и  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   Парчам дар  баробари  Нишон ва Суруди  миллӣ аз рамзҳои  давлатӣ  маҳсуб мешавад. 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Точикистон тасдиқ шуд ва дар  ҷумлаи оғози ин Низомнома   омадааст ки: «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, тамоми муқаддасоте, ки  дар ватани мо ҳаст, ҳам муқаддасоте, ки  ба фарҳанг алоқаманданд, ҳам ба гузаштаи пурифтихор ва  ҳам ба имрӯзи мо, ба идеалҳои мо алоқамандӣ доранд,  ҳама дар ҳамин ҷумла нуҳуфта аст, яъне парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар радифи ду рамзи дигар, яъне нишон ва  Суруди миллии  Тоҷикистон, пеш аз ҳама рамзи давлатӣ аст.

Бояд гуфт, ки  рамзҳо хеле муқаддас мешаванд  ва дар баробари ин  он аломату рангҳое, ки дар Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме   мазмуну муҳтавои амиқ доранд, ки  дар онҳо меросбарии арзишҳои  фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва  дигаре, ки дар гузашта буд ва мо то ба имрӯз онро идома дода истодаем, ифода ёфтаанд.

Дар Конститутсияи Ҷумхурии Точикистон махсус қайд гирифтааст, ки Рамзхои давлатии Точикистон Парчам, Нишон ва Суруди Милли аст. Барои хар як точикистонӣ Ватан, миллат, забони точики, Парчам, Нишони давлати, Суруди милли муқаддасанд. Мо ба қадри ин муқаддасоти миллии худ бояд бирасем. Хизмат зери Парчами Ҷумхурии Точикистон дар сафхои артиши миллиамон қарз ва ифтихори хар як чавонмарди точикистонӣ дониста мешавад.

Парчами давлатии ҳар як кишвар рамзи қудрату тавоноӣ ва нурҳои ақлонии фарҳангии ҳамон кишвар аст, ин  як рамзи бисёрмаъно буда, он ба воситаи муқоиса дар ақли инсон  дарк мешавад. Он тасвири рангҳо,  тоҷ ва ҳафт ситорае, ки дар парчам  акс ёфтааст, мазмунҳои зиёдеро дар худ таҷассум кардаанд.

Аммо ба таври  амиқи тасдиқшуда ранги сурх дар парчам ин мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- бахту иқболи сафед ва покизагӣ буда, ранги  сабз -саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватанамон мебошад. Тасвири тоҷ дар парчам- ин нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияти кишвар буда, ҳафт ситора-ин  ҳафт иқлим, ҳафт ситораи бародарон, ҳафт қабати осмон ва ҳафт рӯз дар назар дошта шудааст.

Парчами давлатӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин. Парчами миллӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад.

Дар мусобиқаҳои варзишӣ, олимпиадаҳои фаннӣ, ҷашну маросимҳои давлатӣ қабули сарони давлатҳо ва баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ  дар ҷойи аввал барафрохтани Парчами миллӣ меистад.

Дили мо аз фараҳ пур мешавад вақте варзишгари тоҷик сазовори ҷойи аввал мегардад ва дар варзишгоҳхои ин ё он давлат парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта мешавад.

Варзишгарон, ҳунармандон шоирон, олимону эҷодкорон, барандагони рӯхи волои миллатанд ва ҳар як дастоварди меҳнатии онҳо мавриди қадршиносӣ зери парчами миллат сурат мегирад. Ҳамин тариқ парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст.

Бо эҳтироми хоса ба Парчами давлатӣ  бо ташаббуси ватанпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳтати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб Парчами давлатии Тоҷикистон   бунёд карда шуд, ки боиси  ифтихор ва сарфарозии мардуми Кӯлобшаҳр маҳсуб меёбад. Баландии сутунпояи Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  52 метру 50 см буда дар масоҳати 50 садяк замин  сохта шудааст. Вазни хоси сутунпоя 6000 кг буда, дарозии парчам  14 метр ва паҳноии он 7 метрро ташкил медиҳад. Вазни хоси  матоъи парчам 13 кг ро ташкил медиҳад.Парчам инчунин  аз панҷ сутун иборат аст,ки бо санги мармар сохта шуда шакли меъмории давраи антиқаро  дорад. Дар атрофи Парчам ду шер сохта шудааст, ки рамзи шоҳони қадими Хатлонзаминро дорад. Ба Парчам  қандилҳо, нишастгоҳҳо ва гулҳои гуногунранг ҳусни наве зам мекунанд.

Имрӯз мардуми шарафманди тоҷик зери Парчами худ, бо дастгирӣ аз сиёсатҳои бунёдкоронаву созандаи роҳбари оқилу тавонои худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо иродаи матин ва азми қавӣ роҳи бунёди давлати демократӣ ва бунёдкориву созандагиро пеша карда аст ва бо итминон гуфта метавонем, ки мо ҳама дар якҷоягӣ ватани азизи худамонро боз ҳам ободу зебо месозем.

Итминони комил дорем, ки ҳамаи мову шумо ҳамдиёрони азиз ҳамчун афроди ватандӯст аз Парчами миллии худ ифтихор менамоем, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву истиқлолияти Тоҷикистони азиз ба ҷо оварда, қадру манзалат ва эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин менамояд. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шумо – ҳамватанони азизро ба муносибати ин ҷашни муқаддас табрик гуфта, ба шумо бахту саодат, осоиши рӯзгор  ва бурдбориҳои бепоёнро орзумандам.

Бигузор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷовидон парафшон бошад!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code