Тантаи Рӯзи Парчами давлатӣ дар ҷамоати деҳоти Зарбор

     

 

 

 

 

 

 

  Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб имрӯз дар ҷамоатҳои деҳот ва ташкилоту муассисаҳо  бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  чорабиниҳои тантанавӣ ва фарҳангӣ  доир карда шуд. Чунин як ҳамоиши муҳташам дар деҳаи Гулистони  ҷамоати деҳоти Зарбдор  бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дастгоҳи ҷамоати Зарбдор,  сокинони ҷамоат ва  хонандагону омӯзгорон  баргузор шуд. Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода С иштирокдорони ҳамоишро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта,  аз таърихи пайдоиши парчам ёдовар гардид.

 Дар  чорабинии фарҳангӣ хонандагони муассисаи таълимии №14  ва як зумра ҳунармандони варзидаи ҷумҳурӣ   ҳунарнамоӣ намуданд.

  Пирони рӯзгордидаи деҳа ба марди саховатпеша Маҳмадзода Фаридун- сокини деҳаи Гулистон    дуои хайр доданд.  Зеро ин сокини  саховатпешаи ҷамоат   Маҳмадзода Фаридун  хатнасури 15 нафар  кӯдаконро аз оилаҳои  ниёзманд доир карда,  ба онҳо либосҳои  гарму  дучархаҳо тақдим намуд. Ҳамзамон сокинони деҳаи Гулистон аз он изҳори қаноатмандӣ ва шодмонӣ мекарданд, ки маҳз дар ин рӯз корҳои васлгарии қубурҳои оби нушокӣ барои таъмини сокинони деҳа бо оби нушокӣ ба сомон расонида шуд.      Маҳмадзода Фаридун  тавонист дар ҳудуди 250 метри кубӣ   обанбор  бунёд намуда,  аз масофаи 2 км барои сокинони деҳа обро интиқол диҳад. Эй кош сафи чунин ҷавонмардон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб боз  ҳам зиёдтар мешуд.

            Сулаймон Султон  -мудири бахши бойгонӣ, матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code