ПАРЧАМ – РАМЗИ НУСРАТУ ПИРӮЗӢ

   

Санаи 23-ноябр бахшида ба таҷлили  26-умин солгарди Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» конфронси хонандагон таҳти унвони: «Парчамат парафшон бод Тоҷикистон!» баргузор гардид. Пеш аз ифтитоҳи чорабинӣ меҳмонон аз намоиши китобӣ дар мавзӯи:  «Парафшон бош Парчам!» дидан намуданд.

Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Кӯлоб – Фирӯзи Сайидмуъмин-  ва  корманди  Китобхонаи вилоятӣ Саидов Назаралӣ  суханронӣ намуда аз ҷумла, иброз намуданд, ки  9-сол муқаддам,  яъне соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   « Дар бораи рӯзҳои  ид» тағйирот  ворид карда шуд, ки мувофиқи  он 24 – ноябр  Рӯзи  Парчами  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  эълон  гардид.  Парчам ифодагари иқболи истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстию ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми мо буда, волотарин мароми миллати тоҷикро дар рангҳои худ инъикос намудааст.

Дар охир Фирузи  Сайидмумин   ба  аъзоёни фаъоли  маҳфили «Ганҷи дониш»-и назди Китобхона   «Ифтихорнома»-ҳои таъсисдодаи роҳбарияти Китобхонаро супорид  ва иштирокчиёни конфронс махсусан ҷавонон  барои баргузории чунин як вохӯрии гарму ҷӯшон изҳори миннатдории хешро иброз намуда , ваъда доданд,ки доимо барои пойдории сулҳу суббот ва Ваҳдату ягонагии Тоҷикистони азизамон  тамоми саъю кӯшиши худро равона месозанд.

Саодат Абдуллоева – муовини директори

Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии

 вилояти Хатлон ба номи Садриддин  Айнӣ

дар шаҳри  Кӯлоб»

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code