Афрохтани Парчами давлатӣ дар муасисаҳои таълимӣ

   Дар арафаи  Рӯзи парчами давлати шаҳри  Кӯлоб  дар  як қатор муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб  парчами давлатӣ бо сутунпоя  насб карда шуд.

  Имрӯз дар чорабинии тантанавӣ ва фарҳангии гимназияи бачагони болаёқати назди Донишгоҳи  Давлатии шаҳри Кӯлоб чунин як парчами давлатӣ  бо сутунпояи 20 метра аз тарафи директори муассиса Пирмурод Сабуров афрохта  шуд.  Паҳноии парчам 6 метр буда,   бари он ба 3 метр баробар мебошад. Афрохтани парчамҳо дар муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати  тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандустӣ ва арзишҳои миллӣ мусоидат намуда, дар замири насли наврас  ҳисси худшиносиву худогоҳиро бедор хоҳад намуд.                                                    

                                                                              Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code