НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ДЕҲОТ

Дар деҳаи Чинори ҷамоати деҳоти Даҳана дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Зимни чорабинӣ сокинон ҳунарҳои дастӣ ва хӯрокҳои миллиро ба  маърази дид гузошта шуд.

Баъд аз дидан намудани намоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ба ҳозирин барои ташкили чунин ҳамоиш изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки бо максади баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, омӯзиши хӯрокҳо ва ҳунарҳои қадимаи миллӣ бахшида ба Соли рушди сайёхӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал дар ҳудуди деҳаю маҳаллаҳо намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ карда истодаем. Мавсуф гуфт, ки бо баргузории чунин чорабиниҳо мо дар амали гардонидани дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми худро мегузорем.

Чорабинӣ бо роҳандозии намоиши фарҳангӣ аз ҷониби сокинон ба охир расид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code