Конференсияи илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ дар шаҳри Кӯлоб

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки ҳамасола санаи 3-уми декабр таҷлил мегардад, Конференсияи илмӣ, фарҳангӣ ва  варзишии муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳу донишкадаҳои вилояти Суғд, вилояти Бадахшон ва Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ доир гардид.

Пеш аз оғози чорабинӣ дар байни  шахсони имконияташон маҳдуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар толори варзишии Донишгоҳ мусобиқаҳои варзишии дастхобонӣ ва баскетбол доир карда шуд.

Меҳмонон аз  маҳсули эҷоди маъюбон, ҳунарҳои мардумии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва парки технологии Донишгоҳ дидан намуданд.

Баромадкунандагон асосан дар атрофи вусъат додани тавваҷуҳ ва ташакули муносибати мусбат ва ҳисси эҳтиром нисбати шахсони дорои маъюбият ва омода намудани мутахассисони соҳаи ҳифзи иҷтимои аз ҷумла равоншиносон, омузгорони иҷтимои, мутахассисони нутқ барома ва суханронӣ намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ғолибони чорабиниҳои варзишӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code