Супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимӣ қарор доранд

 

 

 

 

 

 

 

Санаи 21 ноябри соли 2018 дар назди раиси шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва дигар сохторҳои марбута  нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб   оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон     муҳтарам Қоҳир Расулзода, ки дар ҷараёни сафари корӣ  ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аз 7  то 8 ноябри   соли 2018 баён доштанд  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раёсату, шуъба ва бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ  вазифадор карда шуданд, ки протокол ва нақшаи чорабиниҳоро оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2018 ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобро  оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,     муҳтарам Қоҳир Расулзода, ки дар ҷараёни сафари корӣ    ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аз 7  то 8 ноябр  таҳти назорати доимӣ  қарор диҳанд.

Нақшаи чорабиниҳо аз 68 банд иборат буда, ҳар як банд дар алоҳидагӣ таҳлилу баррасӣ карда шуд.

Ба кор даровардани корхонаҳои саноатӣ, баланд бардоштани иқтидори онҳо, зиёд намудани ҷойҳои корӣ, таъсиси силсилаи корхонаҳои саноатии “Сино Тоҷикистон, Кӯлоб Текстай,л Индастри Парк”, таъмиру азнавсозии боғҳои фарҳангиву фарогатӣ, аз иншооти ғайриқонунӣ сохташуда озод кардани ҳудуди гулгашт ва боғҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳр, гузаронидани ҷаласаҳои алоҳидаи шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд оид ба ҷалби сармоягузориҳо,  рангубор ва таъмири биноҳои баландошёнаи шаҳр, пайгирӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба таъмини об,  ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ, ташкил намудани инкубатсия барои истеҳсоли моҳича, бо истифода аз имконият ва захираҳои мавҷуда ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ  барқарор, таҷдиду сохтмон, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, аз об холӣ ва тоза намудани ҳавзи Муъминобод то мавсими ояндаи обёрӣ ва сари вақт гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, ворид намудани иншооти иловагӣ ба нақшаи чорабиниҳои марбут ба истиқоболи ҷашни 30-солагии Истиқололияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сохтмони иншоотҳо ва таъмири роҳҳо аз ҷониби зодагони шаҳри Кӯлоб  аз мисоли муҳимтарини машварат маҳсуб меёфт.

                                                 Бахши бойгонӣ –матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code