Парчамбардори Тоҷикистон

Моҳи ноябри имсол низ сокини шаҳри Кӯлоб,  донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб,  Сорбон Латипов дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Бухарести давлати Руминия баргузор гардид, фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷойи 3-юм гардида, парчами давлатии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.

Латипов Сорбон соли 2017 низ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбои моҳобиравӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Росия фаъолона баромад намуда, сазовори ҷойи 3-юм гардидааст.

Ин варзишгари умедбахш аз соли 2007 то инҷониб таҳти сарварии мурабии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Умар дар риштаи самбо тамрин намуда истодааст.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code