Тоҷикистон тӯй дорад душманаш мотамсаро

Имрӯз Ватани азизи мо тӯй дорад, бале ӽама хурду калон имрӯз хурсанду хандон ӽастанд. Зеро иншооти бузурги аср Нерӯгоӽи Барⱪиву Обии Роғун имрӯз, яъне 16-уми ноябр, ки ба рӯзи Президент рост омадааст чархаи нахустини он мавриди истифода ⱪарор гирифт ва як ⱪисматаш ба кор шуруъ кард. Роғун равшангари дилӽо, роӽ ба сӯи нур ва роӽ ба сӯи хушбахтиӽост.
Мардуми тоҷик баъд аз соӽибистиⱪлол гардидани Ҷумӽурии Тоҷикистон солӽо аз норасоии барⱪ танⱪиси мекашиданд, аммо ин мушкил ӽам ба тадриҷ ӽалли худро ёфт. Бо сарварӣ ва пешниӽоди фарзанди фарзонаи миллат, пешвои муаззами мо муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон имрӯз миллати тоҷик ба ӽадафи стратегӣ ва истиⱪлолияти энергетикӣ расид.
Роғун шаӽрест дар Тоҷикистон. Ин шаӽр маркази маъмурии ноӽияи Роғун мебошад. Дар айни замон дар ин ноӽия сохтмони НБО “Роғун” бузургтарин сохтмони Тоҷикистон дар ибтидои асри 21 идома дорад. Бунёди нерӯгоӽи Роғун ин нангу номус ва ифтихори ӽар як шаӽрванди Тоҷикистони соӽибистиⱪлол аст. Бояд ⱪайд намоем, ки нисбат ба солӽои пешин интиⱪоли ⱪувваи барⱪ дар шаӽру ноӽияӽо беӽтар гардидааст.
Миллати тоҷик дар тӯли ⱪарнӽо бо сарбаландӣ аз марзу бум ва ӽастии хеш дар набард ғолибӣ ба даст оварда, бо фишору таӽдидӽои гуногун рӯ ба рӯ гашт, аммо аз ин варта ӽамеша раӽоӣ ёфт, дигар ҷои баӽсу мунозира нест. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки сохтмони НБО-и Роғун дар марӽилаи муайян ба анҷом хоӽад расид.
Бешак, бунёди НБО-и Роғун ба номи Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ-Пешвои миллат муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон алоⱪаманд аст. Баъд аз мавриди истифода ⱪарор гирифтанаш НБО-и Роғун метавонад то 3600 МВт нерӯи барⱪи аз ҷиӽати экологӣ тоза ва безарар истифода кунад. Ин барои минтаⱪае, ки ба нерӯи барⱪ ниёзи шадид дорад, имкони беӽтарини таъмини рушди ӽама соӽаӽо мебошад.
Воⱪеан барои миллати тоҷик ин воⱪеа фараӽбахшу беназир аст. Зеро Роғун рамзу ифодагари тафаккури созанда ва ⱪудрати нерӯи аⱪлонии инсон аст. Ӽарчанд сохтмони он чандин сол пештар оғоз гардида бошад ӽам, вале дар солӽои аввали истиⱪлолият бо сабаби ба миён омадани гурӯӽӽои бадхоӽи миллат, аз ҷумла ТТЭ ӼНИ дар ин раванд монеаӽо эҷод шуданд. Бо оғози ҷанги шаӽрвандии солӽои навадуми асри гузашта, ки ба дасти Наӽзатиӽо ва бо супориши хоҷагони хориҷии онӽо роӽандозӣ шуда буд, сохтмони ин иншооти муӽим пурра ⱪатъ гардида буд.
Имрӯз тамоми Тоҷикистон ва кишварӽои дӯст бо иштироки зиёда аз нӯӽ хазор одамон ифтитоӽи фаъолияти НБО Роғунро ӽамчун ҷашни бузург ва шодмониву сурур пешвоз гирифтанд. Аммо барои хоинони Ватан курдилу худбохтагони нотавонбини ТТЭ ӼНИ имрӯз рӯзи мотам буд. Зеро ин хоинон намехоӽанд ватани азизи мо обод бошад,
Бале! имрӯз Тоҷикистон тӯй дорад, душманаш мотамсаро ТТЭ ӼНИ, ки душмани раⱪами 1-и Тоҷикистон аст аз рӯзи оғозшавии ин иншоот зид буданд ва намехостанд, ки сохтмони он ба анҷом расад, вале бо хости Худо ва саъйу хиради азалии мардуми тоҷик имрӯз ⱪисмате аз он ба кор шуруъ кард, ки ⱪалби душманро пора гардонид.
Агарчӣ ӽамеша душманони миллати тоҷик алайӽи Роғун садо баланд мекарданд ва ӽар гуна овозаӽои пучу бемаъниро байни мардум паӽн менамуданд, ки гуё Роғун ӽеҷ гоӽ ба кор намедарояд ва саӽмияӽо бардурӯғ мебошанд. Имрӯз мардум донист, ки ин ӽама овозаӽо пучу беасос буда, кори душманони миллати тоҷик аст.
Роғун бузургтарин дастоварди давраи истиⱪлол барои миллати тоҷик аст, ки дар натиҷаи ваӽдату якдигарфаӽмӣ ва меӽнати шабонарӯзӣ ба даст омад. Тоҷикистон бо ифтитоӽи ин иншоот бар душманон пирӯз гардид ва номаи таъзия бар эшон равон кард. Дар ӽаⱪиⱪат имрӯзро метавонем рӯзи мотами ТТЭ ӼНИ ё сугвории М Кабирӣ унвон кунем.
Имрӯз тавассути тамоми шабакаӽои телевизионӣ ифтитоӽи ин нерӯгоӽи ниӽоят муӽими аср бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами мо намоиш дода шуд. Ростӣ ӽангоми тамошои ин ҷашни бузург ва руйдоди муӽими таърихӣ аз хурсанди бо хеш меболидам ва аӽсан мехондам ба роӽбарияти Ӽукумат ва халⱪи меӽнаткаши тоҷик.
Он шукуӽу шаӽомате, ки дар синаи куӽ сохтаанд ростӣ муъҷизаест бемисл, ки бо дасти инсон сохта шудааст. Дар ин ҷашнвора тамоми мардум бо чеӽраи болидаи идона ва ⱪалбӽои саршор аз меӽру муӽаббати Ватан якҷо бо Пешвои худ хурсандӣ мекарданд. Дар охири ҷашнвора барномаи консерти намоиш дода шуд, ки дар он сурудӽои дар васфи Ватан, Тоҷикистон ва Роғун садо доданд, ки мардуми онҷо буда ӽама мераⱪсиданд.
Инчунин Пешвои миллат дар суханронияшон бо ифтихор ва боварӣ дар бораи Роғун ӽарф мезаданд ва Роғунро иншооти ниӽоят муӽими давр хонданд. Ин руйдоди таърихӣ ва ин рӯзи фаромӯшнашавандаро тамоми мардуми тоҷик бесаброна интизор буданд ва сад шукр ба ин рӯз расидем.

Аз ин фурсати муносиб истифода бурда тамоми мардуми тоҷикро ба ин рӯзи бузург, рӯзи кашфи нур табрик ва таӽният намуда, ба миллати сарбаланди тоҷик барои расидан ба комёбиӽои навбати барор хоӽонам. Бигзор Тоҷикистони азизи мо ӽамеша чароғону гулгулшукуфон бошад ва сулӽу ваӽдати абадӣ дар он ӽукмрон.
Дар воⱪеъ Роғун ба дилу дидаи мардум равшани меорад ва ин иншооти бузург дар ӽама соӽаӽо барои расидан ба ⱪуллаӽои бузург миллатро ёрирасон аст. Роғун дар ӽаⱪиⱪат шараф аст, ӽадаф асту нангу номуси миллати тоҷик аст. Сад шукр, ки имрӯз миллати сарбаланди тоҷик ба ин рӯзи саид расид ва роӽ ба сӯи нур, ба сӯи равшанӣ ва хушбахтиро кашф кард.
(Маӽваши Яъⱪубзод)
таҳлилгар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code