Консерти муҳташам дар шаҳри Кӯлоб

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ба ифтихори ба кор оғоз кардани чархи аввали  нерӯгоҳи Барқӣ обии Роғун чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ доир карда шуд.

Дар чорабинии тантанвавӣ сухани табрикотии раиси шаҳри Кӯлоб, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Хайрулло Амонулло, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Қурбонзода Бек Хол ва  намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбонзода Амирхон Фозил шунида шуд.

Баромадкунандагон зимни баромади хеш тамоми сокинони шаҳри Кӯлоби бостониро ба муносибати ифтитоҳи чархи аввали Неругоҳи барқи обии Роғун табрик гуфта, аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гашта, таъкид доштанд, ки дар такя бо хиради азалии мардумамон ба бунёди сохтмони азиму тақдирсоз Роғун даст зада, таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ва иродаву пуштибонии мардум  аз уҳдаи ин  имтиҳони ҷидии таърих бо сари баланд баромадем.

Аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Кӯлоб, театри ба номи Сайдалӣ Вализода ва ситораи санъатити тоҷик Давлатманд Холов барномаи ҳунарии муҳташам  дар Амфитеатри шаҳр пешкаши сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб гардонида шуд.

 Дар чорабинӣ зиёда аз 10 ҳазор сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб  дар фазои сулҳу суботи сартосарӣ ва фараҳу шодии беандоза ширкат намуданд. Дар нигоҳ ва симои ҳар як иштирокчии ин ҳамоиши сатҳи баланд  шодиву фараҳ ҳувайдо буд.

Ҳамзамон санаи 17-уми ноябр бахшида ба ин санаҳои бузурги таърихӣ, яъне  Рӯзи Президент ва ифтитоҳи  чархи аввали Нерӯгоҳи барқи обии  Роғун  дар маркази ҷамоатҳои деҳот низ чорабиниҳои фарҳангӣ  доир карда шуд.

                                                                               Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code