Тафаккури созанда ғолиб бар афкори тахрибгаронаи наҳзатӣ

Тафаккури созанда барои ҳар инсон ва ҳар қавму миллат муҳим ва сарнавиштсоз аст. Зеро дар таърихи рушди тафаккури башарӣ ва ҷомеаи инсонӣ ҳамеша ва дар ҳар давра тафаккури созанда ва бунёдкорӣ  мақоми хоса доштааст. Ҳамин аст, ки дар фарҳанги башарӣ ҷойгоҳи созандагиву бунёдкорӣ ниҳоятан муҳим ва сарнавиштсоз аст. Имрӯз дар тамаддуни ҷаҳонӣ танҳо халқҳо ва миллатҳое ҷойгоҳи арзанда ва босазо доранд, ки бо роҳи ақлу хирад ва шинохти воқеиву илмии олам тавонистаанд, мушкилоти хешро ҳал намоянд ва ҷомеаи худро аз назари дидгоҳҳои илмиву мантиқӣ дар партави ақли солим бунёд намоянд. Воқеан, тафаккури созанда тавонистааст миллатҳо ва давлатҳоро ба қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ табдил созад. Башарият ҳамвора дар масири мавҷудияти хеш бо такия намудан ба донишу таҷриба ва шинохти воқеӣ аз табиат тавонистааст бо ҳамаи мушкилоти табиӣ ва хатароте, ки барои маҳви ӯ мавҷуд будаанд чораандешӣ намояд. Дар ин замина донишҳои илмӣ ниҳоятан нақши муасир ва босазо доштаанд.

Агар ба таърихи тамадуни башар назар афканем, кишварҳои аврупоӣ, ки имрӯз ба ҳайси қудратҳои муҳими ҷаҳонӣ қарор мегиранд дар 500 соли охир бо такя намудан ба донишҳои таҷрибашудву собитшуда тавонистаанд, ҷомеаи хешро то ба ин сатҳ оварда расонанд. Даст кашидан аз боварҳои мавҳуму хурофотӣ ва танҳо такя намудан ба хиради инсонӣ омили асосии пешрафти онҳо гардидааст.

Пас аз касби Истиқлол намудан ва махсусан баъд аз ба тасвиб расидани Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ барои минбаъд ҳал кардани мушкилоти иҷтимоию сиёсӣ Ҳукумати кишвар ҳамаи нерӯҳои хешро баҳри боло бурдани сатҳи донишу тафаккури ҷомеа раҳнамун намуда, барои ҳалли ин гуна масоил аз шеваҳои ақлониву санҷидашуда ва илман асоснок истифода намуд. Ҳамин буд, ки дар раванди ба ҳам омадани миллат ва дурнамои рушди иҷтимоӣ он аз шеваҳои комилан илмиву мантиқӣ истифода намуда, бо назардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ тафаккури созанда ва бунёдкорро ба ҳайси идялогияи давлат қарор дод. Натиҷаи ин иқдом таи зиёда аз бист соли ахир бунёди даҳҳо корхонаҳои хурду бузургро дар ҷумҳури ба миён овард, ки онҳо тавонистан дар маҷмуъ барои пешрафти иқтисоди миллӣ саҳмгузор бошанд.

Қобили қайд аст, ки дар баъзе кишварҳо хурофатзадагиву нодонӣ ва коргирифтан аз ҷаҳлу таассуб тули ҳазорсолаҳост ин мардумонро монеи рушд гардида, ба кишварҳои дастнигару истеъмолӣ ва манбаи ашёи хом табдил додааст. Ҳамин аст, ки барои давлатҳои манфиатхоҳ нигоҳ доштани ин мардумон дар ҳоли ҷаҳлу таасуб ва ноданӣ  мавзӯи ҳамешагӣ ва мубрам ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ҳамин масъала дар кишварҳои шарқӣ ва махсусан шарқи исломӣ бунёд намудани ҳизбу ҳаракатҳои мухталифи вопасгаро, ки акасри онҳо бар мабнои бовару эътиқод тарроҳӣ шудаанд, мисли замбуруғҳои пас аз борон ҳар рӯз зуҳур менамоянд. Ҳадафи ҳамаи онҳо барда гардонӣ ва дар ҳолати ҷаҳлу таасуб ва ҳолати рукуд нигоҳ доштани кишварҳо ва миллатҳо мебошад. Дар Тоҷикистон низ аз охири солҳои 80-уми асри гузашта таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои динӣ, махсусан ТТЭ ҲНИ ба мақсади дар ҳолати ҷаҳлу таасуб ва сарафкандагиву ғуломсифатӣ табдил додани мардуми ин кишвар таъсис дода шуд. Ин ташакулаи террористиву зидимиллӣ, ки дар тули мавҷудияташ ба ҷуз аз афкори тахрибгару вопасгаро, кори хуберо барои миллат анҷом надодааст, ҳамеша зидди манфиатҳои миллӣ амал намуда, сатҳи бинишу тафаккури миллиро ба самти хурофазадагиву дунё безор савқ додааст, ки зидди мафкураи миллист. Тоҷикон дар тули таърихи мавҷудияти хеш ҳамеша мардумони созандаву соҳибхирад ва андешаманду офаридгор будаанд, вале ҳамвора вуҷуди афкори таасубзадаву хурофотӣ нагузоштааст, ки ин мардум ба сатҳи муваффақият дар самтҳои гуногун ба меъёрҳои ҷаҳонӣ дастёбӣ намоянд.

Ҳукумати кишвар аз бомдоди расидан ба Истиқлолияти давлатӣ бунёдкориву созандагиро ҳадафи аслии хеш қарор дода, барои расидан ба як кишвари пешрафтаву рифоҳ аз донишу таҷрибаҳои илмӣ истифода намуда, садҳо корхонаҳои хурду бузургро ба истифода дода, имрӯз яке аз лоиҳаҳои бузургӣ энегетикӣ дар ҳоли амалӣ шудан аст, ки бо пурра ба истифода додани он Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба як кишвари пешрафта ва содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил ёбад. Ин лоиҳаи НБО Роғун аст, ки имрӯз ба арсаи нангу номус ва ҳаёту мамоти Тоҷикистониён табдил ёфтааст.  Ба чархиш омадани чархаи аввали ин нерӯгоҳ барои миллати офаринандаи тоҷик ҷойи ифтихор ва сарбаландист, зеро бунёди ин нерӯгоҳ бори дигар собит менамояд, ки тоҷикон аз зумраи милатҳои созанда ва бунёдкореанд, ки бо такя намудан ба ақлу хирад метавонанд барои ҳалли мушкилоти худу дигарон истодагарӣ намоянд. Ҳамин аст, ки барои ҳамаи аҳли миллат ва ҳамаи онҳое, ки барояшон Тоҷикистони пешрафта ва ободиву созандагӣ мояи ифтихор аст, имрӯз рӯзи ҷашн аст- ҷашни адолати нур аз болои зулмот, пирӯзии ақл аз болои ҷаҳл ва пирӯзии илм аз болои хурофот аммо барои хиёнаткорони бе ҳувияти наҳзатӣ, ки ҳамеша дар муқобили манфиатҳои миллӣ қарор гирифта, фақат бар зиёни миллат ба мардуми Тоҷикистон танҳо ба хотири бароварда кардани хоҳиши хоҷагони хориҷии худ амал намудаанд, ин санаи тақдирсоз ва пирӯзӣ  рӯзи мотам аст. Зеро онҳо натавонистанд бо тамоми дуруғпароканиву афкори пучу хурофтии хеш миллати тоҷикро аз бунёдкорию созандагӣ боз доранд.

Эҳсони Илҳом

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code