Роғун -ҷабҳаи номуси миллӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Инак мардуми кишвар шоҳиди боз як корномаи бузурги миллат,  бунёди чархи аввали нерӯгоҳи барқии обии Роғун гардиданд, ки бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт марбут аст.

Барои кишваре, ки баъди  ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз иқтисодиёти  он қомат рост накарда буд,  бунёди чунин як иншооти аср саҳлу осон набуд. Вале азму талошҳои созанда ва тасмиму қатъияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон боис шуд, ки ин шаҳсутуни иқтисоди мамлакат бунёд гардад.

Халқи тоҷик дар атрофи  ҳидоятгари хеш,  роҳбари фозилу хирадманди худ  барои бунёди офтоби бахти хеш бо қадамҳои устувор,  собитқадамона ба зиндагиии худ беҳбудӣ бахшида истодааст. Тоҷикистон марҳила ба марҳила рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.

Болоравии  иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари мо дар давраи соҳибистиқлолӣ беназир ва бесобиқа аст.

Дар ин росто нерӯгоҳхои азиме чун нерӯгоҳҳои барқи обии Сангтуда-1, Сангтуда-2, Помир-1 бо иқтидори 14 000 кВт,  нерӯгоҳи хурди обии ноҳияи Спитамен бо тавоноии 630 кВт, нерӯгоҳи хурди “Ҳазора-1”бо иқтитори 250 кВт дар ноҳияи Варзоб, нерӯгоҳи хурди “Андарбак”-и ноҳияи Язгулом бо иқтидори 300 кВт, нерӯгоҳи хурди Ширг-и ноҳияи Дарвоз бо иқтидори 1200 кВт, хати интиқоли барқи “Боткент Конибодом”, хати интиқоли барқи “Лолазор Хатлон”, хати интиқоли барқи “Ҷануб- Шимол” Тоҷикистон бунёд ёфтанд.

Аз ҷиҳати афзун будани  захираҳои энергетикӣ Ҷумҳурии азизамон дар миқёси олам яке аз ҷойҳои асосиро ишғол намуда, маҳз ҳамин омил барои бунёди неругоҳҳои барқӣ  боис гардид.

Ниёзи кишвар ва ҳамсояҳоро ба инобат гирифта Ҳукумат ба қароре омад,  ки дар кӯтоҳтарин фурсат Роғунро бисозад.

Муроҷиатномаи Президент ки соли 2010 ба сокинони кишвар равона гардида буд, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт ва мардум паҳлу ба паҳлуи Пешвои миллат  ба ин ормони нимасраи худ расиданд.

 Имрӯз санаи 16 ноябри соли 2018 ватани азизамон, бахусус шаҳри Кӯлоби бостонӣ маъвогаҳи шодмониву  сурурро мемонд.

 Дар се нуқтаи марказии шаҳрзиёда аз 15 ҳазор ҷавонон бо аксҳои Пешвои миллат, шиорҳои Роғун-марзи шарафу номус, Роғун-кохи нур, Роғун калиди рушду тараққиёти кишвари мост, Мо яктану якҷон ва якмаром будани худро собит намудем!, Роғун -ҷабҳаи номуси миллӣ, Нерӯгоҳи барқии обии Роғун-ормони миллӣ,  Нерӯгоҳи барқии обии Роғун-эътирофу эҳтироми миллат ва дигар шиору парчамҳои хурду бузург дар назди  Маҷмааи 2700-солагии шаҳр, боғи фарҳангӣ-фарогатӣ ва назди Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ҷамъ омада буданд. Намояндагони бахши ҷавонон ва ҳизби халқи демократии Тоҷикистон ба ҷамоамадагон буклету варақаҳо тақсим намуданд.

Иштирокдорони ҳамоишҳо маросими пахш намудани фишанги рамзии чархи аввали нерӯгоҳи барқӣ обии Роғунро аз ҷониби Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон бо суруру шодмонӣ бо иттиҳодиву сарҷамъи  истиқбол гирифтанд.

Бо ин чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Президент ва бунёди чархи аввали нерӯгоҳи барқии обии Роғун анҷом наёфта, пагоҳ чорабиниҳои тантанавию фарҳангӣ дар ҷамоатҳои деҳот ва Амфитеатри шаҳр идома хоҳад ёфт.

                                                                               Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code