Барқи шуълаҳои шодӣ

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва ба кор шуруъ кардани агрегати  аввали нерӯгоҳи Барқии обии Роғун дар Донишкадаи  технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, колеҷҳои тиббӣ ва омӯзгорӣ  дар мавзӯи «Президент дар самти занон», «Нақши Пешвои миллат дар татбиқи сиёсати давлатии занон» ҳамоишҳо  баргузор гардид.

Дар чорабиниҳои мазкур намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, раисони занони донишгоҳ, коллеҷҳо ва   донишҷӯдухтарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баромадкунандагон қайд намуданд, ки  нерӯгоҳи барқии обии Роғун ҳамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми тоҷик ва ҳатто мардуми берун аз марзу буми кишвари азиз ҷой гашта, дар чашмони мардум шуълаи шодӣ чун шуълаҳои чароғ медурахшад, зеро  бо бунёди ин иншооти ҳаётан муҳим иқтисодиёти кишвари мо боло рафта,  рӯзгори мо  фаровон мегардад.

                                                            Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code