Шоҳ Диёр Ба «Ахборком»

Ба ҳангомасозони «Ахборком»,

Зи моҳу ситора, зи Роғун салом.

Кунун чархи Роғун ба чархи фалак,

Ҳамовоз гардид, деҳ аз ин дарак.

Ба олам расонӣ агар ин хабар,

Ба ҳангомасозӣ шавӣ мўътабар.

Зи ҳарфи дурўғу зи алфози каҷ,

Бипарҳез ту, то нагарди фалаҷ.

Зи нуру зи Роғун башорат бидеҳ,

Ба зулматхабарҳо дигар дил манеҳ.

Бигў аз иноят ба гўши замон,

Ба тоҷик райъаш бувад мисли ҷон.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code