Кӯлоб. Бунёди Маркази хизматрасонӣ

 

 

 

 

 

 

 

Имрӯз дар деҳаи Саричашмаи ҷамоати деҳоти Кӯлоб, аз тарафи соҳибкор Нозимов Ғайрат Маркази хизматрасонии сехи дару тирезасозӣ, нуқтаи фуруши сӯзишворӣ ва фуруши рангҳо ба истифода дода шуд.

Зимни кушодани Маркази хизматрасонӣ раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло ҳозиринро ба Рӯзи Президент ва ифтитоҳи чархи аввали нерӯгоҳи Барқии обии Роғун табрик гуфта, ба сокинони ҷамоат саломативу бурдборӣ таманно намуд.

 Нозимов Ғайрат дар суҳбат бо мо гуфт, ки дар оянда  ният дорад  дар назди ин Маркази хизматрасонӣ нуқтаи шӯстушӯи мошинҳо ва дар қабати дуюми ин иншоот нуқтаи саққобозӣ таъсис диҳад.

                                                Бахши бойгонӣ –матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code