Шеърҳои Сулаймон Султон бахшида ба Нерӯгоҳи барқии обии Роғун

           Роғун созем

Эй дуст биё ману ту Роғун созем,

Хуршеди наве барои гардун созем.

Бо меҳру садоқату вафодории хеш,

Нерӯву тавони халқ афзун созем.

 

Ояндаи мо кунад фурузон Роғун,

Имрӯз ба мисли корзорон Роғун

Бунёд кунам туро ба нерӯи қавӣ,

Эй машъали бахти Тоҷикистон Роғун.

 

Тоҷик тоҷик толеат тобон бод,

Ҳафт ахтару тоҷ бар сарат рахшон бод.

Афроз баланд парчами миллии худ,

Тоҷик тоҷик бахти ту болафшон бод.

 

  

       Ғазали Роғун

Имрӯз бо ҳам фардо бисозем,

Фардои худро якҷо бисозем.

Сади баланде чун садди номус,

Бо азми ҳамчун хоро бисозем.

Мо сар барорем аз як гиребон,

То қисмати хеш якҷо бисозем.

Бо зӯри бозу неруи маҳкам ,

Неругаҳи аср барпо бисозем.

Бар рағми зулмат бедор бошем,

Дар рушноӣ маъво бисозем.

Бо Тоҷикистон бо кишвари нур,

Нӯран ало нӯр, дунё бисозем.

 

        

 

   

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code