Омодагиҳо ба тантанаҳои Рӯзи Президент ва ифтитоҳи чархи аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғун

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии раиси шаҳри Кӯлоб  ва иштироки муовинони раиси шаҳри Кӯлоб, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, роҳбарони муассисаҳои таълимии олӣ, ва миёна    машварати корӣ доир карда шуд.

Таъкид гардид, ки санаи 16 ноябр  дар се нуқтаи  шаҳр  Боғи фарҳангӣ- фароғатии  шаҳр, Муҷтамаи 2700 солагии шаҳр, назди Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб  ва маркази  ҷамоатҳои  деҳот   мониторҳо гузошта шуда, тамошои баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ифтитоҳи чархи аввали Неругоҳи барқии обии  Роғун  дар ҳамбастагӣ ва дастҷамъона  ташкил карда мешавад.

Ҳамзамон санаи 17-уми ноябр бахшида ба ин санаҳои бузурги таърихӣ, яъне  Рӯзи Президент ва ифтитоҳи  чархи аввали Нерӯгоҳи барқи обии  Роғун  дар Амфитеатри шаҳр бо иштироки ҳунармандони варзида  намоиши ҳунари(консерт)-и  муҳташам дар назар дошта шудааст. Дар маркази ҷамоатҳои деҳот низ баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ  дар назар дошта шудааст.

Ҳамватанони азиз  !

Биёед ифтитоҳи ин хуршеди заминиро  бо ҳам истиқбол намуда,  дар ин чорбиниҳои  ҳаётан муҳим ширкат ва  шодмонӣ намоем.

Бахши бойгонӣ- матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Кӯлоб   

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code