Ҷаласаи Сарвазири мамлакат ҷиҳати рушди иқтисодиёти шаҳри Кӯлоб

 

 

 

 

 

   Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 7-8 ноябри соли 2018 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шаҳри Кӯлоб сафари корӣ анҷом доданд. Тибқи барномаи махсуси сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо фаъолияти корхонаҳои  ҶСК Сомон – Кӯлоб-таҷҳизот, ҶСК «Пахтаи Кӯлоб», ҶММ Мармариён (корхонаи равғанбарорӣ), ҶСК «Пойафзоли Кӯлоб», ҶСК «Комбинати хонасозӣ», мавзеи минтақаи озоди иқтисодӣ, Корхонаи «Ресандаи Кӯлоб»   боғӣ ба номи Исмоили Сомонӣ, боғи фарҳангиву фароғатии шаҳр, сохтмони иншоотҳои меҳмонхона, хонаи истиқоматӣ дар маҳаллаи Сангак Сафаров  варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб  ва боғи 15- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон боздид ба амал овард.

Сафари Сарвази мамлакат муҳим ва саривақтӣ буда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб  як қатор тадбирҳои муҳимро ба бор овард. Зимни сафар ва вохурӣ бо фаъолон  супориш дода шуд, ки боғи 15- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба тавозуни Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб дохил карда шавад.

Лоиҳаи дигар боғҳои шаҳр аз ҷумла боғи фарҳангӣ-фарогатӣ, боғи ба номи Исмоили Сомонӣ, боғи Роҳи оҳан, боғи Саидҷон Назаров низ  таҳия карда шавад.  Ба соҳибмулки корхонаҳои  ҶСК «Пахтаи Кӯлоб», ҶММ Мармариён (корхонаи равғанбарорӣ), Хишти Кӯлоб, Пойафзоли Кӯлоб,ки баъди хусусигардонияшон солҳои зиёд гузаштаву  аз фаъолият боз мондаанд ва ё бо иқтитори ночиз фаъолият мекунанд,   супорида шуд, ки то моҳи март корхонаҳоро ба кор дароварда 300 ҷои корӣ ташкил намоянд.

Корхонаҳои «Комбинати хонасозӣ» ва  «Сомон –Кӯлоб-таҷҳизот», «Кулобтекстайл» дастгирии молиявӣ карда шуда, ҷойҳои кориро боз ҳам афзун хоҳанд намуд. Ба роҳбари корхонаи ҶДММ «Ориён Рустам» вазифадор кардашуд, ки дар назди корхона нуқтаи забҳи чорво таъсис дода, роҳбари корхонаи ордбарорӣ ҶСК «Суғдиён» вазифадор карда шуд, ки дар назди корхона сехи макаронбарорӣ насб намояд.

Ҳамзамон дар бораи таъмиру ободонии роҳхои дохилишаҳрӣ, чароғон кардани кучаҳо, таъмин намудани муассисаҳои таъмири роҳҳо бо техникаю механизмҳо масъалагузорӣ карда шуд.

Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки намои бозорҳо ва фуруши маҳсулот дар бозорҳои шаҳр ва марказҳои савдо ба тартиб дароварда шавад.

Таъсис додани минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла ҷудо намудани замин аз ҳисоби заминҳои камҳосил, фароҳам овардани шароити инфрасохтори зарурӣ,  ҷалби субект ва сармоягузорҳо, ташкили гармхонаву сардхонаҳо, фабрикаи паррандапарварӣ, таъсиси озмоишгоҳ барои истеҳсоли моҳича, таҳти назорат қарор додани лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб», бо оби нушокӣ ва полезӣ таъмин намудани аҳолӣ, бо ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ таъсис додани корхонаҳои саноатӣ, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таҷдиду сохтмони инфрасохтори обтаъминкунӣ, бахусус обанборҳо, шоҳқубурҳо, тоза намудани ҳавзи ноҳияи Муъминобод, пурра тоза кардани канали Панҷосиёб, бо мақсади сармояи дохиливу хориҷӣ  ташкили форуми соҳибкорӣ    аз масоили муҳими мулоқоти Сарвазири мамлакат маҳсуб   меёфт.

Мардуми шаҳри Кӯлоб аз ҳар як сафари Саравазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шаҳри Кӯлоб бо умед менигаранд  ва бо итминон метавон гуфт, ки аксари ормонҳои мардум пас аз супоришҳои додашуда   амалӣ хоҳанд шуд.

                                                                   Сулаймон Султон

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code