ҶСК «Пахтаи Кӯлоб» ба таъмир шурӯъ намуд

Тибқи супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба кор даровардани корхонаҳои саноатӣ, ва бо ҷои корӣ таъмин намудани  шаҳрвандон ва ривоҷу равнақ бахшидани соҳаи иқтисодӣ кӯшиш ва талошҳои зиёде намуда истодааст.

Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб дар 9- моҳи соли равон корхонаҳои саноатии шаҳр якҷоя бо бахши хусусӣ 142,3 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 14,6 миллион сомонӣ зиёд буда, рушди соҳа 111,5 фоизро ташкил дод. Иҷрои нақшаи Дурнамои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2018-70 фоиз мебошад. Бо вуҷуди ин пешравиҳо дар фаъолияти бахши саноат камбудиҳо низ кам нестанд.

Рӯзҳои 7-8 августи соли равон Сарвазири мамлакат ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, аз корхонаҳое, ки хусусӣ гардонида шуда, фаъолият надоранд ва бо иқтидори ночиз кор карда истодаанд, дидан намуда, баъд аз он бо иштироки аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолони шаҳр ҷаласаи корӣ доир карда шуд. Тибқи дастуру супоришҳои Сарвазири мамлакат корхонаҳои хусусигардонидашуда бояд ба кор дароварда шаванд. Аз ҷумла ҷиҳати ба кор даровардани корхонаи ҶСК «Пахтаи Кӯлоб»  супориш дода шуд.

Дар ин самт масъулини соҳа барои ба кор даровардани ҶСК «Пахтаи Кӯлоб»  кушиш ба харҷ дода истодаанд.

Айни ҳол дар корхона таъмиру тармим, тозаву озода намудани атроф  ва рангу бор оғоз ёфтааст.

Роҳбари корхона Кулулов Маҳмадсодиқ ният дорад, ки як бинои дуошёнаи ҳудуди корхонаро   ба боғчаи кӯдакона табдил диҳад.

Ҳамзамон таҷҳизотҳои истеҳсолкунандаи   мехбарорӣ, шифер ва дигар таҷҳизотҳо ворид шуда,  дар ояндаи наздик сехҳои мазкур ба кор шуруъ менамоянд.

Роҳбарияти корхона ният доранд, ки  то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар сехҳои истеҳсолӣ  бунёд намуда,   корхонаи мазкурро ба кор дароранд.

                                                           Дилором Файзова

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code