Саҳифаи нав дар таърихи 80-солаи театр

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Санаи 8 ноябри соли равон 80-солагии  театри овозадори ба номи   Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб  бо шукӯҳмандӣ  таҷлил гардид.

Барои таҷлили  80- солагии театр меҳмонон- кормандони собиқи театр, дустдорону ҳаводорони театр  аз дуру наздики кишвар ҷамъ омада буданд.

Ҳунармандон маҳбуби кишвар  Давлатманд Холов, Сурайё ва Садбарг Қосимоваҳо, Гулчеҳра Содиқова, Бобоҷон Азизов, Бобоҷон Ҳасанов, Анвар Баротов, Маҳмадӣ Абдурасулов,  Файзулло Каримов, Мирзоватан Миров,  Арафамо Давлатова, Муродмад Раҳимов, Назирмад Ёрахмадов, Ҷонибек Асозода,  Толибҷон Бобоев, Ҷумахон  Сироҷов, Адолат  Комилова, Фотима Тураева,   Зуҳро Назарова, Зариф Валиев, Гулмурод Зуҳуров,   ки ҳар кадом дар рушду нумуи театри тоҷик нақши муассир гузоштаанд, саҳни театрро зеб медоданд.

Ҳамчунин ба табрики ҳунармандони театр ҳунармандони театри ба номи  Абулқосим Лоҳутӣ  Лутфулло Давлат, Қурбон Собир,  Ортиқ Қодир, Давлат  Убайдуллоев ва шоир Сафар Аюбзодаи Маҳзун омада буданд.

Қабл аз оғози чорабинӣ ҳунармандони театр Мирзо Рахмон, Худойназар Тилавов,   Сафархон Мадалиев, Фаррухи Содиқ, Кавгинисо Гадоева, Ситорамоҳ Шамсиддинова,   Зикрулло Давлатов, Абдуносири Нураҳмад, Ҳошим Тошпулодов, Фарангис Шоҳусейнова, Нуринисо Сироҷова, Саида Султонова, Зулфия Намозова, Адолат Очилова бо намоишномаҳои   театрӣ, суруду таронаҳо ва рақсҳои  дилошуб меҳмононро истиқбол гирифтанд.

Дар қисмати тантанавии чорабинӣ раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек, муовини раиси вилояти Хатлон  Хидирзода Махфират ҳунармандони театрро бахшида ба ин санаи таърихӣ ва фархунда муборакбод намуда, ба собиқадорону ҳунармандони театр ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳои  омоданамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  супорида шуд.

Хуллас ба таърихномаи театри  80-солаи  мазҳака-мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализода  боз  як саҳифаи наве  зам гардид.

Ҳунармандоне, ки маҳз ҳамин саҳнаи театрӣ онҳоро оламшумул намудааст ба устодон ва роҳбарони театр ки саҳми онҳо низ дар тарбияи  ситораҳои санъат хеле бузург аст, изҳори сипос ва минатдорӣ намуданд.

                                                                            Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code