Деҳаи Бахтободи шаҳри Кӯлоб ободтар мешавад


 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Рӯзи Конститутсияро заҳматкашони ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб  бо  ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ  истиқбол намуданд.

Вобаста ба зиёдшавии аҳолӣ бо бунёдшавии деҳаҳои нав зарурати сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ пеш омад.

Дар ҳудуди ҷамоати Зиракӣ 11 муассисаи таълимӣ ва 1 филиали муассисаи таълимӣ мавҷуд аст. Шумораи хонандагони ҷамоат 6280 нафарро ташкил намуда, ба онҳо 480 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд.  Ҳамзамон дар ҳудуди ҷамоат 1 муассисаи таҳсилоти томактабӣ амал мекунад, ки 50 нафар кӯдаконро дар бар мегирад.

 Ҷамоати Зиракӣ  яке аз калонтарин ҷамоатҳои ноҳияи Кӯлоб  маҳсуб ёфта аз 3824 хоҷагӣ ва 30 454 нафар аҳолӣ иборат буда, ҷиҳати амалӣ намудани Амри Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, таҳти №1059 ва нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар ҷамоати  деҳоти Зиракӣ сохтмони 209 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар деҳоти ин ҷамоат аллакай сохтмони 78 иншоот оғоз гардидааст, ки аз бунгоҳи тиббию синфхонаҳои иловагӣ, дукону марказҳои хунармандӣ, марказҳои саломативу дорухонаҳо, меҳмонхонаву сартарошхона, кошонаи ҳусн ва сехҳои истеҳсолӣ иборатанд. Дар се соли оянда дар ҷамоат зиёда аз 503 ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад. Инчунин дар ин давра  16 га боғҳои нав бунёд мегардад. Дар баробари ин бо азми созандаи сокинони ҷамоат дар арафаи ин ҷашн 1 ҳавзи шиноварӣ, 2 адад бунгоҳи тиббӣ ва 15 кошонаи ҳусн ба истифода дода мешавад.

Дастовардҳои ҷамоат хеде зиёд буда, бунёду азнавсозии бинои маъмурии ҷамоат аст, ки   соли  2017 дар арафаи 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 270 ҳазор сомонӣ бо тариқи замонавӣ  бунёд гардид.

Аз ин лиҳоз дар ҳама гушаву канори ватани азизамон, аз ҷумла дар ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб  низ ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Аз ҷумла аз тарафи филиали Идораи сохтмони асосии минтақаи Кӯлоби  вилояти Хатлон, муассисаҳои таълимӣ барои 464 хонанда дар маҳаллаи Офтоблиқои ҷамоати деҳоти Зиракӣ,  муассисаи таълимӣ барои 320 хонанда дар маҳаллаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракӣ   рафта истодааст.

Дар доираи Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ (марҳилаи 3)» сохтмони бинои дуошёнаи таълимии дорои 6-синфхона дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 деҳаи Хоҷа Исҳоқи ҷамоати деҳоти Зиракӣ соли 2016 сохта ба истифода дода шуд, ки ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда 209,0 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар арафаи ҷашни Истиқлолият аз тарафи  сокини саховатпешаи ҷамоат Зардиев Абдунабӣ муассисаи таълимӣ иборат аз 7 синфхона сохта шуда, дар деҳаи Корези поёни ҷамоат   низ  сохтмони панҷ синфхонаи иловагӣ  ба тариқи ҳашар идома ёфта истодааст.

Дар деҳаи Маҳмадалӣ Ғаффори ин ҷамоат аллакай 30 адад симчуб барои ивазкунӣ ворид шуда , симчубҳои куҳна ба симчубҳои нав  иваз карда мешаванд. Дар ҳамин деҳа сохтмони бинои сеошёнаи ҳаммом ва коргоҳи даҳонпизишкӣ оғоз гардидааст.  Дар деҳаи Зиракӣ низ дар арафаи ҷашни Конститутсия 40 адад симчуб иваз карда щуда, трансфарматори бо иқтидори қуввагии 600 квт/с ва насоси обкаши барои дастрасии зиёда аз 100 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ аз чоҳи амудӣ насб карда шуд.

Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиш ва беҳдошти солимии насли наврас дар маркази Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, деҳаи Зиракӣ толори варзишӣ аз тарафи соҳибкор Зоиров Шодӣ сохта ба истифода дода шуд.

Бо карори раиси шахри Кӯлоб  ҷиҳати бунёд намудани корхонаҳои истеҳсолӣ  ва дар ин замина бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани сокинони ҷамоат ва шаҳру деҳоти Кӯлоб  барои бунёд намудани шаҳраки саноатӣ   6.90 га қитъаи замин ҷудо карда шудааст.

Аз соҳибкороне, ки ба онҳо ин қитъаи замин  ҷудо карда шудааст, аллакай соҳибкор Абдулло  Намозов корхонаи алибестербарориро сохта таҷҳизотҳои онро ворид намудааст.

Инчунин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон шартнома ба имзо расида барои таъмини аҳолии деҳот бо оби ошомиданӣ 500 ҳазор доллари америкоӣ ба тариқи грант ҷудо карда шуд, ки айни ҳол аҳолии деҳаи Маҳмадалии Ғаффор бо оби нӯшокӣ тариқи ҳисобкунакҳо таъмин гардида, амали мазкур дар деҳаҳо Зарқаъла ва Хоҷаисҳоқ низ дар арафаи анҷомёбист.

Дар баробари ин, дар доираи бахши 3-и лоиҳа корҳои сохтмон ва барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунии ба тағйирёбии иқлим дар ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб корҳои сохтмонии ҳавзҳои оби тоза, хобонидани қубури полиэтилении ҳаҷмашон гуногун, васлкунии манораи баландфишор ва девори оҳану бетонии атрофи обанбор ба маблағи 903 ҳаз. доллари ИМА идома дорад.

Ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табии аз ҷониби фармоишгар Дирексияи сохтмонии иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сойҳои Зиракӣ ва  Даҳана  ба маблағи 2,4 млн. сомонӣ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ иҷро гардид.

Аз ҷониби Маркази идораи лоиҳаи идоракунии захираҳои оби водии Фарғона соли равон 22 млн. сомонӣ барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар сойҳои Даҳана, Зиракӣ ва дар минтақаи Офтоблиқо пешбинӣ шудааст.

Маҳз самараи ҳамдигарфаҳмию ҳамкориҳо аст,ки  қасри фарҳанги Ҳакимобод  тариқи ҳашар навсозӣ карда шуда  ба макони фароғату истироҳат мубаддал гашт. Дар саҳни ин иншооти фарҳангӣ нимпайкараи Ҳаким Бобоев собиқ раиси шуҳратёри хоҷагӣ гузошта шуд, ки дар тарбияи меҳнатдустии насли наврас  нақши муҳим мебозад.

Аз 36 бунгоҳхои тибии дар ҳудуди ноҳияи Кӯлоб ҷойгир шуда 10 адади онҳо  дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ  қарор доранд.

Бояд қайд кард, ки дар давоми  солҳои охир бунгоҳи саломатии  деҳаҳои Хоҷа Исҳоқ таъмиру азнавсозӣ карда шуда, сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Корези боло дар арафи анҷомёбист. Соҳибкор Холов Ҳакимҷон ният дорад, ки   санаи 24 ноябр, яъне дар Рӯзи Парчами давлатӣ  иншооти мазкурро ба истифода диҳад.

Сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Нуристон аз тарафи раиси Кооперативи Сайид Алии Ҳамадонӣ Зардиев Абдуҷаббор оғоз гардида, айни ҳол деворҳои бино ба охир расонда шуда, корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Дар дигар деҳаҳои ин ҷамоат низ корҳои ободонӣ ва созандагӣ рафта истодааст. Ин ҳама ободкориҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки хурду бузурги ҷамоат  ҷиҳати дар сатҳи олӣ гузаронидани ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатӣ камари ҳиммат бастаанд.

Деҳаи Бахтобод  аз 239 хоҷагӣ ва 2385 нафар аҳолӣ иборат буда,  то соли 2021 дар ҳудуди деҳаи мазкур дар тарафи сокинони деҳа бунёди 17 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Дар деҳаи Бахтобод сохтмони мағозаи маҳсулотҳои кишоварзӣ аз тарафи соҳибкор Толибов Абдураҳим идома ёфта истодааст.

Имрӯз  хонандаҳои синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти умумии рақами 36-и деҳаи Бахтободи ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳияи Кӯлоб низ соҳиби муассиаи наву замонавӣ гаштанд,ки аз 5 синфхона иборат аст.

Хатмкунандагони собиқи мактаби №36, саховатмандони деҳа супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати дар   сатҳи зарурӣ гузаронидани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  сармашқи кор намуда,  дар муддати кутоҳ  муассисаи нави таълимиро бунёд намуданд. Қисмате аз  корҳои сохтмонӣ  ва корҳои болопӯши бино бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба иҷро расид.  Барои сохтмони ин муассиса ба   Идораи сохтмони асосӣ 360 ҳазор сомонӣ ҷудо   карда шудааст.

Бо эътимод метавон гуфт,ки  муассисаи таълимии мазкур  дар тарбияи насли наврас  саҳми бузург хоҳад гузошт.

Дар натиҷаи заҳмати софдилонаи лоиҳакашон, сохтмончиён, саҳмгузорону  хонандагон   ва сокинони деҳаи Бахтобод 5 синфхона дар муҳлати хеле кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло зимни суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ зимни ифтитоҳи  муассисаи таълимии №36  ба ҳамаи сохтмончиёну саҳмгузорон ва омӯзгорону   хонандагон барои саҳми арзандаашон дар муҳайё намудани шароити мусоид ба наврасону ҷавонони деҳаи Бахтобод миннатдорӣ изҳор намуда  бо ифтитоҳи   бинои муассисаи нави таълимӣ самимона табрик гуфт.

Ҳунармандони хонаи фарҳанги ҷамоати Зиракӣ  ба  чорабинӣ   суруру шодии нав бахшиданд. Омузгорону толибилмон   дар фазои сулҳу суботи кишвар ва аз шодиву фараҳ мерақсиданду хушҳолӣ мекарданд. Гуӣ ҳама иштирокдорони маҳфили бошукӯҳ зери лаб мегуфт, ки чи хушу гуворост,ки  Ватани азизамон  ҳар лаҳза ободу зебо мешавад.

                                                                         Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code