Баромади раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло бахшида ба 80-солагии тетри мазҳака-мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализода

Муҳтарам аҳли санъат ва ҳунар,

Дустдорони театр,

Ҳозирини гиромӣ!

Миллати тоҷик дар гузашта ва имрӯз пеш аз ҳама, бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Ва маҳз ҳамин фарҳанги воло дар ҳама давру замон миллати моро аз парокандашавӣ эмин нигоҳ дошта, дар тамаддуни халқи мо ҳамчун омили муҳими ояндасоз хизмат намудааст.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозӣ аст, ки дар арафаи тантанаҳои бузурги миллӣ, бахусус   Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  боргоҳи бонуфузу маърифатии шаҳрамон 80-сола мешавад.

Бинобар ин, ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ ва тамоми ҳунармандону дустдорони театрро бахшида ба ин  рӯйдоди хотирмон, 80-умин солгарди Театри мазҳака мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализода  самимона табрику шодбош мегӯям .

Театр аз бахшҳои умдаи фарҳанги ҳар халқу миллат ба шумор рафта  гузаштаро ба мо мешиносонад, тарзи зиндагонии муосирро меомӯзонад, ҳар фардро ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд ва моро комилтар мегардонад.

Театр воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон аст, зеро рӯйдодҳои зиндагиро дар саҳна дида, тамошобин худро хаёлан ба қаҳрамонони мусбат монанд мекунад ва бо ҳамин роҳ олами ботинии хешро мустақилона комил мегардонад.

Ҳаёти фарҳангии ҳар яки моро  низ бе театр тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Зеро, театр дар душвортарин лаҳзаҳои ҳаёт ҳамеша паҳлуи мардум қарор гирифта, дар сарнавишти мардуми тоҷик нақши басо муассир гузоштааст.

Воқеан, театр ҳамчун як  рукни зиндагонии инсонӣ одамонро ба ҳам меорад, ба онҳо маслиҳат медиҳад, ёрӣ мерасонад, аз воқеоти зиндагӣ огоҳ месозад, вафодориву зиндагонии поки инсониро талқин менамояд.

Театрро санъаткорони бузурги олам ба таври худ шинохтаву маънидод кардаанд. Ба шинохти Висарион Григоревич Белинский «Театр воситаи беҳтарини ҳалли мушкилоти даврони мост» ва ё «Театр як қитъаи афсонавист, ки зиндагиро бо тарзи нозук нишон медиҳад».  Ба назари Антон  Павлович Чехов «Аз театр боло дар дунё дигар чизе нест». Дар таърифи Виктор Гюго «Театр кишварест, ки дар он мо қасрҳои латагин, дарахтони коғазин, нуқраву тиллоҳои шишагин ва офтоби аз замин баромадаро мебинем. Театр дунёи ҳақиқиест, ки нақшбозон, тамошобинон ва дар паси парда будагон ҳама дили инсонӣ доранд». Барои Станиславский «Театр макони орзуву хурсандӣ, роҳбару мураббия ва тарбиятгар» мебошад.

Феълан дар Тоҷикистон 16 театри касбӣ ва 26 театри халқӣ фаъолият мекунанд, ки Театри мусиқию мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода, аз ҷумлаи онҳост.

Театри мазҳака-мусиқии шаҳри Кӯлоб, ба номи Сайдалӣ Вализода соли 1936 дар заминаи дастаи ҳаваскорони омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ташкил ёфта, дар шакли дастаи худфаъолият амал мекунад. Сипас 29 апрели соли соли 1938 дар асоси Қарори  Шӯрои комисариати халқии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ба театри мусиқӣ-драммавӣ табдил ёфта, доираи фаъолияташ нисбатан васеъ мегардад. Сарварони аввалини театр Жорж Вилямс, Муҳаммадҷон Боиров ва яке аз роҳбарони бадеии он Раиса Феодоровна Вилямс буданд.

Барномаҳои нахустини театр аз суруду таронаҳои мардумӣ, рақсҳои дилошуби миллӣ ва асарҳои начандон калони драммавӣ иборат буд.

Маҳсули аввалини ҳаҷман бузурги театр ин намоишномаи дуқисмаи «Дохунда» аз рӯи асари устод Садриддин Айнӣ буд.

Дар ташкил ва пешрафти кори театри навтаъсис  саҳми шоир ва ҳофизи халқ  Сайдалӣ Вализода калон аст. Дар он солҳо ӯ намоишномаҳои худ «Хоҳиши Гулчеҳра» ва «Аҳмад ва Барно»-ро рӯи саҳнаи театр баровард.

Нахустин падидаҳои санъати касбии маҳал  Маҳмадҷон  Исохонов, Сабоҳатхон  Исохонова, Маҳмуд Султонов, Амирхон  Давлатов, Хайрулло  Абдуллоев ва падари ӯ буданд. Он солҳо дар театр инчунин сарояндагону рақкосон ва ромишгарон Чол Одинаев, Ҳалим Раҳимов, Абдулло Азизов, Гулистон Ҳасанова, Соҷида Хоҷаева, Зулайхо Раҳимова, Тошгул Абдушукурова, Иқболбӣ Юсуфова, Ширинкорон ва фалаксароён Шукрулло Кунулов,  Рачабмад Валиев, бародарон Зайдулло ва Фатҳулло Хоҷаевҳо кор ва эҷод кардаанд.

Нахустин режисёрони театр  Маҳмадҷон Исохонов, Сайдалӣ Вализода ва Қосимов буданд.

Дар театр намоишномаҳои «Эшони фиребгар»-и Самадӣ, «Аршин мол ани» Ҳоҷибеков, «Гулсара»-и Комил  Яшин, «Қорӣ Умурзоқ»-и Дилбар , «Ҳалима»-и  Зафарӣ, «Табиби зуракӣ»-и  Жан Батис Молер   ва ғайраҳо ба саҳна гузошта шудаанд. Қисми зиёди ҳунармандони театр соли 1941 дар Даҳаи санъати тоҷик дар шаҳри Москва иштирок намудаанд.

Аз рӯзҳои аввалини Ҷанги Бузурги Ватанӣ Театри Кулоб ҳамчун воситаи тавонои тарғиби андешаҳои нек дар ташаккули  маънавиёти халқ,  алалхусус мардуми ақибгоҳ минбари тарбия гардида буд. Соли 1943 ба театр Владимир Смирнов ки ҳамчун коргардон назари тозае дошт, ба кор меояд ва маҳз бо ташаббуси ӯ дар як муддати кутоҳ барномаҳои театр бою рангин мешаванд. Бо ташаббуси ӯ гурӯҳи ҳунармандони театр дар ҳайати бригадаи фронтии артистони тоҷик дар байни ҷанговарони шӯравӣ (дар Урал, Свердловск, Тагил) бо спектакли «Ба ҷанг» ҳунарнамоӣ карданд.

Ҳунармандони театр Саидҷон Ҷураев, Раҷаб Миров, Шариф Гадоев , Абдулло Алиев ихтиёрӣ ба ҷанг рафтанд.

Солҳои баъдиҷангӣ сафи санъаткорони театр  аз ҳисоби намояндагони миллату халқиятҳои гуногун –русҳо, узбекҳо, яҳудиҳо, тоторҳо ва  осетинҳо пурра гардид. Тирамоҳи соли 1945 дар рузҳои санъати вилояти Кӯлоб дар шаҳри Сталинобод( ҳозира шаҳри Душанбе) ҳайати театр бо спектаклҳои «Сартароши камгап»-и  Ҷалол Икромӣ (дар асоси ҳикояҳои «Ҳазору як шаб») , «Табиби зуракии» Жан Батис Молер     ва барномаи марғуби консертӣ ҳунарнамоӣ карданд.

Дар ҷамбасти рӯзҳои санъат Сайдалӣ Вализода, Мухаммадчон Исохонов ва Туйдӣ Бобиева Артисти Хизматнишондодаи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон   ва гурӯҳи ҳунармандони театр бо Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Солҳои 1947- 1948 Фатхулло Хоҷаев, Неъматулло Тиллоев,  Зулайхо  Раҳимова,  Нуралӣ Аюбов, Ороста Ҷумаева, Гурез Назирмадов, Жорж Алберт Вилямс,   Абдулло ва Саъдулло Ҷураевҳо, Кордак Ғуломов, Мурод Қурбонов, Валоят Диловарова, Юсуф  Кабиров  ва    Нурулло Мирзоев  ба кор омаданд.

Он солҳо оҳангсози маъруф Хайрулло Абдуллоев дар театр ҳамчун навозанда ва дирежёр кор ва фаъолият мекарданд.

Соли 1959 театр бинобар нарасидани актёрони касбӣ барҳам дода шуд  ва то мохи январи  соли 1968 ҳамчун театри халқи фаъолият дошт. Дар саҳнаи театри халқӣ намоишномаҳои «Иҷоранишин»-и Файзулло Ансорӣ. «Шуҳрати хорпуштак» ва «Водии бахт»-и Султон Саймуродов,  «Даъвати ҳаёт»-и  Феликс Тошмуҳамадов, «Оператсияи вазнин»-и Сайдаҳмадов, «Чинори гуё»-и Султон Саидмуродов  ва Боқӣ Раҳимзода, «Орзуи ҷавонӣ»- и Мухаммадҷон Рабиев , «Супориши ЧК»-и  Аъзам Сидқӣ ва ғайра таҳия гардидаанд, ки дар тарбияи маънавии мардум нақши арзанда доштанд. Хусусан   «Супориши ЧК»-и  Аъзам Сидқӣ шуҳрати театри халқии Кӯлобро афзуд. Ҳайати эҷодии театр ин спектаклро дар Азназаргузаронии умумииттифоқии театрҳои халкӣ соли 1967 дар шаҳри Москва намоиш дода, ҷойи аввалро ишғол намуд. Дар ҷамбасти Азназаргузаронии умумииттифоқӣ санъаткорон Фатхулло Хоҷаев, Саъдулло Каримов бо унвони Артисти хизматнишондодаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон  (1968) ноил гардиданд.

Соли 1968 театри халқӣ номи театри давлатии драммаи мусиқиро гирифт. Дар ин давра директори театр Қурбон Зардаков буд. Театри навтаъсис спектаклҳои «Орзу»и Мехрубон Назаров, «Оинаи махмалпеч»-и Файзулло Ансорӣ, «Шартҳои никоҳ»-и Убайдулло  Абдуллоев, «Шаш зиндаву як мурда»-и  Дроздовскйи, «Нон хун ва одамон»,  «Лейтенант Олимов айбдор мекунад»-и Аъзам Сидқӣ, «Дузди Бағдодӣ»-и Шарл Лекок , «Эшони Иллоанта» ва «Робеаи Балхӣ»-и Абдусалом Атобоев -ро ба саҳна гузошт, ки дар онҳо актёрони ҷавон Убайдулло Раҷабов, Сабохат Куганова, хоҳарон Мунаввара ва Муяссара  Аминоваҳо, Садбарг Қосимова, Рахмонқул Қурбонов, Қурбон  Абдулҳамидов, Халил Ҷамилов,  Ширин Самадов, Абдулфаёз Файзов, Саъдулло Каримов, Абдусамад Абдураҳмов,  Салим Муқимов, Коргар Ғуломов, Гурез Назирмадов , Ғаффор. Каримов,  Хайриддин  Шоназаров, Сафар Мирзоев, Мирзо Раҳмонов, Шариф Оймадов, Сайдулло Абдурасулов ҳунарнамоӣ мекарданд.

Дар тарбияи актёрон, рақкосон, сарояндаву навозандагон ва ороиши спектаклҳои театр режисёрон Владимир Семёнович  Смирнов, Сайдалӣ Вализода, Муҳаммадҷон Исохонов, Феликс Тошмуҳаммадов,   Мирзоазиз Мамадазизов, Мирзо Шарофов, Мурод  Қурбонов, Мирзоватан Миров, Николай Филипович Шербина, балетместерҳо Хурсанд Ҳакимов,  Маҳмадӣ Абдурасулов,  Файзулло Каримов, дирежёрон Хайрулло Абдуллоев, Шариф Бедаков, роҳбари мусиқӣ  Анвар Баротов, устодони ҳунари сарояндагӣ Одина Ҳошимов, Қурбон Зардаков, Давлатманд Холов, Бобоҷон Азизов, рассом Ахмад  Нозимов хизмати арзанда кардаанд.

Дар ҳайати онвақтаи эҷодии театр сарояндагон ва мутрибон Гулчеҳра Содиқова, Достӣ Орзуев, Назирмад  Ёраҳмадов, Сурайё Қосимова , Мехрӣ Табарова,  Изатулло Амонов, бародарон Фатхулло ва Зайдулло Хочаевҳо ,  Ҳотам Юнусов, Гулчехра Ғафурова  ва раққосаҳо Сафармо Афғонова, Холдона Неъматова ва дигарон шомил буданд.

Соли 1975 бо омадани Одина Ҳошим ҳамчун директор ва Мирзоватан Миров чун саррежисёр кори театр ба куллӣ тагъир ёфт. Дар театр муҳити эҷодӣ рӯ ба бехбудӣ ниход . Қувваҳои тозаи эчодӣ, хатмкардагони Донишкадаи Давлатии санъати Тоҷикистон, Тобонбӣ Холова, Тилло Муъминов, Толибҷон Бобоев, Ҷумахон  Сироҷов, Парӣ Абдурасулова,  Саодат Азизова, Давлатманд Холов, Маҳмадӣ Абдурасулов,  Амина Табарова, Файзулло Каримов, Худойназар Тилавов, Шаҳобиддин   Ҳасанов, Абдураҳим Исмоилов, Муҳаммаднасим Мадёров , Амиршо Баротов , Ойимхол  Қаюмова , Мухаммад Шохмидинов,  Рахмоналӣ Одинаев, Шариф Бедаков, Ҷумахон Сафаров, Умар Темуров, Муродмад Раҳимов, Савринисо Гадоева , сарояндагон Бобоҷон Азизов, Фотима Тураева, Идимо Ҳалимова , Худойдод Ҳамзаев,  актёрон Давлатбегим Раҳимова, Почохон  Ашуров, Сафармо Менгалиева, Анвар Аҳмадов, Махмадулло Файзов, гуруғлисаро     Пирназар Ҳақназаров, раққосаҳо Арафамо Давлатова, Зуҳро Давронова, Фотима Ғаниева,  Зуҳро Назарова, Зебӣ Давлатова, навозандагон Манаим Олимов, Толибчон  Юнусов, Сафар Эргашов, Рустам Хоҷаев, Хисрав Бобоев , Фарход Одинаев, Нуроншо Латифов, Миралӣ Ятимов,   Насим Абдурасулов, Рабихон Бозоров, Ҷангӣ Каримов, рассомон Хуршед Давлатов, Ҷонибек Асозода солҳои дароз дар саҳнаи театр фаъолият кардаанд. Соли 1976 дар театри давлатии академии драммаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҳисоботи эҷодии театр барпо гардид, ки дар он спектаклҳои «Комбриг Томин»-и Мухаммадҷон Рабиев, «Се нафар хушдор»-и Абдумалик Баҳорӣ, «Робиаи   Балхӣ» и Абдусалом Атобоев , «Шамшер ва рангинкамон»-и Абдуҷабор  Қаҳҳорӣ, «Бародарон»- и Меҳмон  Бахтӣ ва барномаи калони консертӣ пешкаши тамошобинон карда шуд. Соли 1979 дар бинои театри ба номи Владимир Майяковский ҳисоботи навбатии эҷодии театр бо спетаклҳои «Карим Девона»   -и Турахон Аҳмадхонов, «Айбномаи хотимавии» -и Нодар  Думбадзе, «Писари калонии»-и Александ Вампилов, «Туй рӯзи шанбе таъин шудааст»-и Максим  Каримов ва барномаҳои консертӣ доир шуд. Минбаъд дар шаҳри Душанбе чандин маротиба (1982-1984, 1986,1988,1989,1991) ҳисоботи эҷодии театр гузаронида шуд.

Фаъолияти режиссёрон –Владимир Смирнов, Сайдалӣ Вализода, Феликс Тошмухамедов, Мирзо Шарофов, Мирзоазиз  Мамадазизов, Мурод Қурбонов, Николай Филипович  Шербина, Мирзоватан  Миров, Мирзо  Раҳмонов, ҳунарпешагон – ҳофизи халқӣ Одина Ҳошим,  Давлатманд Холов, Сурайё Қосимова, ходимони хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии  Шуравии  Сотсиалисти Тоҷикистон. Гурез Назирмадов, Қурбон Зардаков артистони хизматнишондодаи  Ҷумҳурии  Шуравии  Сотсиалисти Тоҷикистон Саъдулло  Каримов, Туйдӣ Бобиева, Анвар  Баротов, Абдусамад Абдурахмонов, Бобоҷон Азизов, Сурайё Қосимова, Бобоҷонон Ҳасанов, Толибҷон Бобоев, Ҷумахон Сироҷов,  Адолат  Комилова ҳунарпешагони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фотима Тураева, Ҷумахон Сафаров, Файзулло  Каримов, Идимо Ҳалимова  ва дигарон театр алоқаманд аст.

Солҳои 1975- 1995 театри спетаклҳои мазмунан баланди «Пари обии»-и Александр  Сергеевич  Пушкин «Андро ва Сандро»- и Георгий  Хугаев, «Найрангҳои Скапен»-и Жан. Батис Молйер, «Салом падарони азиз!» -и Роман Отколенко, «Восеъ»-и Сотим Улуғзода, «Ҳурият»-и Ғанӣ Абдулло, «Хусрав ва Ширин»-и Мирзо Турсунзода ва Абдусаллом Деҳотӣ, «Садафи сиёҳ»-и Аминҷон Шукуҳӣ, «Дар чорсу»-и Нур Табаров, «Раъно» -и Насриддин  Исломов, «Мукофот»-и Николай  Эсиненку, «Зани оҳанин»- ва «Дари тақдир»-и Шароф Бошбеков, «Муъҷизаи муқаррарӣ»- и Эвгени  Шварс, «Карим Девона», «Мулки мероси», «Сафар Амиршоев», «Бе пир марав»-и Турахон  Аҳмадхонов, «Раиси сездаҳум» ва « Падаршоҳи вопасин»-и Азат  Абдулин, «Фишор», «Заволи Чамбули Мастон», «Сомонхулот»-и Сафармуҳамад Аюбӣ, «Султон- ин султон аст!»-и Саъдала Ваннус, «Дараи шикастҳо»ва «Шабистон»-и Ҷума Қудус, «Мири Кабир» ва «Арвоҳзада»-и Муҳаммад Ғоиб, «Ҷавонмардро ки дуздид?»-и Исо Боташев, «Писари калон»-и Александр  Вампилов, «Шамшер ва Рангинкамон»-и Абдучаббор  Қаҳориро ба саҳна гузошт.  Соли 1980 ба театр номи асосгузори он- шоир ва  ҳофизи халқ Сайдалӣ Вализода дода шуд.

Аз соли 1987 ба номи театри мазҳака- мусиқӣ амал мекунад. Театр бо оҳангсозони машҳур Хайрулло  Абдуллоев, Фатоҳ Одина, Дамир Дустмуҳамадов, Талабхуҷа Сатторов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Толиб. Шаҳидӣ, Қудратулло  Яҳёев, Миратулло  Атоев, режиссёрон   Хушназар  Майбалиев, Барзу  Абдураззоқов, Турахон Аҳмадхонов, Музафар  Хаёлов, Набӣ  Ҷалолов, Давлат  Убайдуллоев, Исмат Ашуров,  рассомон Вафо Назаров, Александ  Гейвандов, Владимир   Виноградов, Фарзад Халилов, Хуршед Давлатов   равобити мустаҳками эҷодӣ дорад.

 Театр соли 1988 барои комёбиҳои барҷастаи эҷодӣ ва ба муносибати 50-солагияш  бо Ифтихорномаи Президиуми Ҷумҳурии  Шуравии  Сотсиалисти Тоҷикистон ва ҷоизаи созмони ҷавонони вилоят мукофотонида шудааст.

Солҳои 1984 ва 1989 актёрони бомаҳорати театр Толибҷон Бобоев ва Ҷумахон Сироҷов бо  саҳнаҳои ҳаҷвии «Очаи Бика ва Зика» дар озмунҳои умумииттиффоқии Артистони ҳаҷву эстрада дар шаҳри Москва ғолиб дониста шудаанд.

Соли 1989 Театр дар озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту» бо спетакли «Фишор» соҳиби ҷои аввал ва ҷоизаи Гран- при ва соли 1994 дар озмуни ҷумҳуриявии дастаҳои мусиқии касбӣ «Дилафрӯз- 94» сазовори ҷойи дуюм гардид, ки   6-нафар ҳунармандони театр ғолиби озмун дониста шуда, 4-нафар бо нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гаштанд.

Ҳунармандони театр соли 1988 бо намоишномаи Фишор  дар шаҳри Фрунзеи Ҷумҳурии шӯравии Қирғизистон   ширкат намуда,   яке аз актёрони театр Муҳаммад Шомудинов барои иҷрои нақши гунг беҳтарин иҷрокунандаи нақши эпизодиро гирифт.

Ҳунармандони театр иштирокчии фаъоли Рӯзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Узбекистон, (1981,1998)  , 1000 солагии Абуалӣ ибни Сино (1980), 75-солагии Мирзо Турсунзода (1986), 100-солагии Лоҳутӣ (Москва 1987) буданд.

Соли 1990 аз ҳисоби ҳунармандони театр дар шаҳри Кӯлоб ансамбли фолклорӣ-этнографии «Фалак» ва шуъбаи вилоятии Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ҳунармандони театр ба кишварҳои Афғонистон 10 маротиба, Эрон, Англия, Австрия, Голандия, Лаос, Испания, Полша, Олмон, Покистон, Руминия, Венгрия, Ҳиндустон, Тайланд, Чехославакия,  Япония, Юнон, давлатҳои Араб, Франсия сафарҳои ҳунарӣ намудаанд. Театр бо ҳайати пурраи эҷодиаш  соли 1989 ба  Муғулистон,  соли 1991 ба Афгонистон  ва соли 2001 ба Эрон  бо намоишномаи  «Мири кабир» сафари ҳунарӣ кардааст.

Имрӯзҳо дар рушду нумуи театр нақши ҳунармандони ҷавон  Сафархон Мадалиев, Фаррухи Содиқ, Кавгинисо Гадоева, Ситорамоҳ Шамсиддинова,   Зикрулло Давлатов, Абдуносири Нураҳмад, Ҳошим Тошпулодов, Фарангис Шоҳусейнова, Нуринисо Сироҷова, Саида Султонова, Зулфия Намозова, Адолат Очилова беназир  калон аст.

       Дар охир бори дигар ҳамаи Шуморо ба мусосибати 80-умин солгарди театр табрику муборкбод намуда, мехоҳам таъкид намоям, ки сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон низ имрӯз, пеш аз ҳама, ба ҳимояи арзишҳои миллӣ, эҳёи суннатҳои гузаштагон, дарёфти умумият байни арзишҳои милливу умумибашарӣ, фароҳам овардани имконият барои омӯзиш ва тарғиби васеи онҳо, инчунин ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани дастовардҳои фарҳангие равона карда шудааст, ки тавассути онҳо моро ҳамчун миллат мешиносанд.

Бовар дорам, ки ҳар кадоми шумо дар рушди фарҳанги миллӣ саҳми боз ҳам арзанда гузошта, ҷаҳони маънавии халқамонро ғаниву рангинтар мегардонед.

           Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

           Ташаккур!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code