Демократия, таҷамуъ ё беақлӣ!!!

Дар ҳама давру замон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арзиши олии башариро доро буданд. Мавҷудияти хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба инсон имконият медиҳад, ки дар ҷомеи муттамаддини демократӣ талабот ва рафторашро мустақилона амалӣ намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хамин замина бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд дунявӣ ва ягонаро, аз замони бадастории истиқлолияти давлатӣ дар қатори дигар давлатҳои демократӣ яке ҳадафҳои стратегии худ қарор додааст. Таъмини ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳварнд вазифаи аввалиндараҷаи давлат буда, онро бояд бевосита ва ё ба восита тавассути инстутҳои амалкунандаи худ амалӣ намояд.

Чанде қабл дар яке аз вилоятҳои калонтарини Ҷумҳрии Тоҷикистон- Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади таъмин ва рияои ҳуқуқу озодиҳо инсон ва шаҳрванд Ситоди байнидоравии таъмини тартиботи ҳуқуқӣ  таъсис ёфт, ки дар тӯли як моҳи фаъолияти он натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуд. Натиҷаи гузориши телевизионӣ оид ба фаъолияти Ситоди мазкур, дар баланд будани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ ва беҳуқиқию низомӣ дар ягон фарди ватандӯстӣ кишвар шубҳаеро ба вуҷуд намеорад. Қаблан аз ВМКБ ҳамчун мардуми бомаърифат ва дорои маданияти баланди ҳуқуқӣ ёдовар мешуданд. Аммо имрӯз ҳамин мардум ба доми девсифатони ГМҶ, ки фарзандон ва ақрабояшонро ба раҳгумӣ бурдаанд афтода, аз амалҳои ғайриинсонии онҳо ба таври фаъол пуштибонӣ мекунанд. Фикр мекунам, мардуми сарбаланди Бадахшони кӯҳӣ то ҳол дарк накардаанд, ки дар муқобили сафед сиёҳи аст ва он ба бештарин инсонҳо писан нест. Таҷамуи мардуми Бадахшон дар назди Идораи Ҳукумати вилоят бори дигар собит сохт, ки ин мардуми сарбаланд то ҳол аз амалкарди ин гурӯҳҳо огоҳӣ наёфтаанд ва ё огоҳӣ ёфтаанду ҳамчун рамзи эътироз ба таъмини амният ва тартиботӣ хуқуқӣ дар минтақа амал карда истодаанд. Магар ин мардум фаромӯшкардаанд, ки барои ташкили эътироз ва ё гирдиҳамоӣ аз мақомоти марбута иҷозати расмӣ бигиранд. Ин ҳам давоми ҳамон амалҳои беақлонаи ГМҶ дар Бадахшон ҳастанд, ки онҳо бо вуҷуди ин ҳама муҳимияти таъмини амният ва тартиботи хуқуқӣ дар Бадахшонро дарк накардаанд ва ё дарк кардаанду бо вуҷуди амалӣ намудани манфиатҳои шахсиашон, ки дар қочоқи маводи мухаддир ва силоҳу аслиҳа ифода меёбад, ба иҷрои чунин бенизомӣ даст зада истодаанд.

       Давлатов Эраҷ, сардори Раёсати илм ва инноватсияи ДДК ба номи А.Рӯдакӣ, номзади илмҳои филологӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code