Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Конститутсия дар шаҳри Кӯлоб

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Имрӯз санаи 5-уми ноябр ҷашни Конститутсия дар театри мазҳака- мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бо шукӯҳу шаҳомати беандоза таҷлил карда шуд. Маҳз бо қабули Конститутсия, яъне ин санаи тақдирсоз, мо дар фазои сулҳу субот кору зиндагӣ  намуда,  ҳар як лаҳзаи умрамон  бо шодиву фараҳ пайсипар мешавад.

Чорабинӣ бо табрикоти узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии   Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло ибтидо  ёфт.

Раиси шаҳр, муҳтарам Хайрулло Амонулло мардуми шарифи шаҳри Кӯлоб ва ҳозиринро  бо Рӯзи Конститутсия муборакбод намуда, аз таърихи  Конститутсия ёдовар гардид.

Қайд гардид, ки бо эътимод метавон изҳор намуд, ки ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандустиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.

Сипас як қатор кормандони фаъоли мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳру минтақаи Кӯлоб  барои хизматҳои арзанда дар таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида  шуданд.

Ҳамзамон дар ҷаласаи тантанавӣ муовини прокурори шаҳри Кӯлоб  Салимзода Алишер  ҳозиринро ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсия табрику муборакбод намуд.

Намоишномаи нави ҳунармандони  театри вилоятии мазҳакаи  мусиқии  ба номи Сайдалӣ Вализода, ки бо қалами     шоири халқии Тоҷикистон, шодравон  Сафармуҳамад Аюбӣ,  ки дар  таҳияи коргардони театр  Раҳмоналӣ Одинаев  таҳти унвони «Туй дар хуррамдара» рӯи кор омада аст, ба чорабинии  Рӯзи Конститутсия  накҳату таровати тоза бахшид.

Ҳунармандон дар муддати 40 дақиқа дар намоишномаи «Туй дар хуррамдара» тавонистанд, ки шодиву сурури тамоми мардуми тоҷикро  нишон диҳанд.

  Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code