Баромади раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

       Ҳамватанони азиз!

   Санаи 06-ноябри соли 1994-ум аз санаҳои тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Ин сана барои халқи Тоҷикистон санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд. Таърих гувоҳ аст, ки дар Тоҷикистон аз соли 1929 то ба имруз 5-маротиба, яъне дар солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсиҳои гуногун қабул гардида, Конститутсияи нави амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгу мебошад.

Тавре маълум аст, санаи 10-декабри соли 1948-ум аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид, “Эъломияи Хуқуқи Башар” қабул карда шуда аст, ки иҷроиши он барои ҳама давлатхои аъзои СММ ҳатмӣ буда, меъёрхои Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон аз 6 – ноябри соли 1994  аз меъёрҳои “Эъломияи ҳуқуқи башар” сарчашма гирифтааст. Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст. Давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор ва  маъюбонро  зери парасторӣ ва ғамхории махсуси худ гирифтааст.

Дар моддаи 5-и Сарқонун инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он арзиши олӣ эътироф шуда дар навбати аввал ва зери ҳимояи  давлат қарор дорад. Зарурати қабули конститутсияи нав бо ба даст омадани истиқлолияти кишвар ба миён омад. Дар баробари ин дигаргуниҳои хеле ҷиддии олам тақозо мекард, ки санади тозае барои давлати соҳибистиқлол таҳия ва қабул гардад. Талаботи дигар ин вазъи худи замони муосир буд, ки хоҳу нохоҳ ин санади муҳимро тақозо мекард. Зеро дар ҳама давру замонҳо бо зуҳури давлату давлатдорӣ зарурати  муаяйн сохтани  сохтор, ба низом овардани муносибатҳои мухталифи табақаҳои иҷтимоии ҷомеа, ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд, тарғиби идеология ва пойдории давлату ҷамъият санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад. Ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад. Чи хеле дар боло қайд карда шуд, ҳарчанд қаблан мо дорои чунин санад бошем ҳам, аммо он пурра ҷавобгӯи ҳадафҳои давлату миллат набуд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати моро ба миён овард.

Масалан, бори аввал дар масири таърих баъди садсолаҳо забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ расман эълон гардид ва рамзҳои давлатӣ чун муқаддасоти давлату миллат ба ҳукми қонун шинохта шуданд. Мутобиқи ин талаботи конститутсия коргузор,  ҳуҷҷатнигорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сабти асноди шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд. Ҳамзамон забону фарҳанги миллату халқиятҳои дигар низ аз ҷониби Конститутсия ҳимоя карда мешавад.

Афзалияти дигари ин санад таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид. Мутобиқи конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад.

Дар боби ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ба таври комил муайян шудаанд, ки ин нуктаҳо дар конститутсияҳои қаблӣ қариб набуданд. Тибқи конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи конститутсия,  қонунҳои  ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Масъалаи дигаре, ки ба он таваҷҷуҳи хос дода шуд, бунёди оила, мақому мартабаи марду зан, падару модарон ва тарбияи фарзандон аст. Давлат оила ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунад. Модару кӯдак ҳамеша зери ҳимояи махсуси давлат қарор доранд ва дигар муносибатҳои оилавӣ ҳам тариқи он ба танзим оварда мешаванд. Ин нуктаҳо дар моддаҳои 33 ва 34 зикр гардидаанд. Вазифа ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон ҳам ба низоми муайяни ҳуқуқӣ дароварда шуданд.

Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи ҳама талаботи ин санад ҳатмӣ аст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолатҳо бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд. Дар вақти риоя накардани талаботи конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад.

Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парламенти дупалатагӣ-Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуд ва  боби алоҳида оид ба мақому салоҳияти онҳо таҳия гашт. Имрӯз мутобиқи ҳамин талаботи конститутсия парламенти кишвар фаъолият менамояд ва низоми ягонаи ҳуқуқиро таъмин  ва таҳияи санадҳои танзимкунандаи фаъолияти самтҳои асосии ҷомеаи моро зери назорат гирифтааст.

Дар боби 4 мақому манзалати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия муайян гардидааст.

Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Дар боби 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан дар бораи судҳо меравад ва қайд кардан зарур аст, ки мутобиқи моддаи 84 Конститутсия, ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Инчунин дар моддаҳои 87 ва 91  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан дар бораи мустақилияти судяҳо ва дахлнопазирии онҳо меравад ки тибқи он Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.

 Таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати тозабунёди тоҷикон рӯйдоди муҳим ва мондагори таърихист. Он ҳуқуқу озодиҳои  инсонро чун сарчашмаи асосии пешрафти ҷомеа, поягузори суботи кишвар, ваҳдату ягонагии давлату миллат бозгӯ намуд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлолият арзёбӣ шуд. Воқеан, дар ҷомеаи суннатӣ, ки асрҳо бо анъаноти вижа шакл гирифтааст, таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд. Чунин низомро маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ рисолати воқеии худ қарор додааст. Он ба ҳукми Қонуни асосӣ тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандонро зери ҳимоя гирифтааст. Муҳимтар аз ҳама,  роҳнамоест барои  имрӯзу фардои давлату миллат ва  чун бахтномаи сарнавиштсоз  моро ҳифз мекунад  ва сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебарад.

 Ногуфта намонад, ки ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26-сентябри соли 1999-ум ва 22-июни соли 2003-юм ва  22 майи 2016 ) бо роҳи райпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.

Тағйиру иловаҳои якум ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ташкили Парламенти доимоамалкунандаи касбӣ – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тағйиру иловаҳои дуввум ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муҳлати ваколатхои Президент ба 7 сол дароз карда шуда, муҳлати ваколати судяҳо бошад аз 5 сол ба 10 сол расонида шуданд. Ин тағйиру иловаҳо шаҳодати он аст, ки давлат ба хокимияти судӣ диққати махсус зоҳир намудааст.

Тағйиру иловаҳои сеюм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати таъмини рушди устувору муттасили ҷомеа ва инкишофи бемайлони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он мунтазам баланд бардоштани  сатҳу сифати зиндагии мардум ва боз ҳам ободтару зеботар намудани Тоҷикистони азиз муҳайё намудани шароити ҳар чӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар мебошад.

Тағйиротҳои солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия воридгардида ин меъёрҳоро боз ҳам мукаммал намуда, тибқи онҳо ҷомеа ба марҳилаи навбатии инкишофи худ ворид гардид. Минбаъд зарур аст, ки ин меъёрҳои Конститутсия бо дарназардошти тараққиёти минбаъдаи ҷомеа боз ҳам такмил дода шаванд, то ки мо ба марҳилаи навбатии рушди демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон комёб шавем. Бо ин мақсад 22 майи 2016 ба якчанд меъёрҳои Конститутсия тағйироту иловаҳо пешниҳод шудаанд.

     Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда бештар ба низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, фаъолияту ҳамкориҳои онҳо  ва  ба инобатгирии қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, №458 тасдиқ шудааст, зарурат пеш омадааст, ки матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳҳо ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида шуда, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои он дақиқ навишта шаванд.

Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Тағйиротҳои пешбинишуда имкон медиҳанд, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва рушд ёбанд.

     Омилу равандҳои зикргардида тақозо менамоянд, ки тағйиру иловаҳои зарурӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шаванд, то ки ҷомеа ва давлати Тоҷикистон боз ҳам таҳкиму такмил ёбад, пеш равад ва халқи Тоҷикистон ба мақсадҳои олии худ ноил гардад.

Ҳамдиёрони азиз!

Риояи талаботҳои Конститутсия аз ҷониби ҳамаи шаҳрвандон, ин омили муҳимтарини пойдории якпорчагии давлат, устувории сулҳу ваҳдат ва рушди ҷомеа мебошад.

Таърих собит менамояд, ки маҳз амалҳои зиддиконститутсионии  гурӯҳхою ҳаракатҳо боиси сар задани ҳама гуна ҷангу табаддулотҳо мегардад, ки дар натиҷа ба сари халқ балою офатҳои зиёдеро меоварад.

Бинобар ҳамин ҳам ҳамаи моро зарур аст,ки меъёрҳои Конститутсияро ба пуррагӣ риоя намуда, дар амалишавии сиёсати сулҳофарин ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзандаи худро гузорем.

Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Дар фароварди сухан бо самимияти бепоён ва беҳтарин орзуҳо Шуморо ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.

Шараф ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон !

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code