Муроҷиатома (Биёед шаҳрамонро тозаву озода нигоҳ дорем!)

 Аз мушоҳидаҳо бар меояд,ки дар маҳаллаҳои Борбад, Ш. Шоҳин, Дустӣ, Ҷ. Расулов ва У. Хайём  шаҳрвандоне  ёфт мешаванд, ки ҳайвонҳои хонагии хусусиашонро бе назорат гузошта дар ҳудуди кучаю маҳаллаҳои шаҳр сайру гашт мекунанд, ки сабаби шикастану нобудшавии навдаҳои дарахтони ороишӣ ва поймол шудани гулбутаҳои “газон”-ҳои хиёбону гулгаштҳои  сабзи пиёдагардон мешавад, ва чунин ҳолат дар байни дигар хонаҳои баландошёна низ мушоҳида карда мешавад.

Бояд боиси ташвиши ҳамагон бошад, ки ҳайвонҳои хонагӣ ба нуқтаҳои майдончаҳои партовгоҳҳо даромада, партовҳоро истеъмол ва дар ин ҳолат ҳайвонҳо сабаби пайдошавии бемориҳои сироятӣ дар байни одамон мегарданд.

Шаҳрвандони муҳтарам биёед ба қадри меҳнати шахсоне, ки барои ободиву зебогии шаҳрамон меҳнат мекунанд расем ва қоидаҳои нигоҳ доштани ҳайвонони хонагиро дар ҳудуди шаҳр ва гирду атрофи он ҳама тарафа риоя кунем.

Чунки имрӯз ба шаҳри Кӯлоб на танҳо меҳмонон аз гирду атрофи ҷумҳурӣ балки аз ҳориҷи кишвар меҳмон мешаванд ва мо бояд  шаҳро зебо гардонем.

Аз ҳар як раиси маҳалла, сардори идораю ташкилот ва корхонаҳо новобаста аз шакли моликияташон  тақозо карда мешавад, ки дар маъракаҳои тозагӣ ва ободонии шаҳр фаъолона иштирок намуда, маъсулияти баланди шаҳрвандиро нишон диҳанд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code