Кӯлоб: Таътили зимистона чи тавр амалӣ мегардад

Бо фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ давраи таътили зимистон  аз санаи 1 –ум то 10 ноябр  идома меёбад.

Имрӯз санаи 1 ноябр вохурӣ бо 80 нафар омӯзгороне, ки дар имтиҳонҳои Маркази Милли Тестӣ ҷалб шудаанд, доир карда шуд.

Санаи 5 уми ноябр имтиҳонҳои озмоишии қисми А дар муассисаҳои №51 ва №1  бо ширкати 700 нафар хатмкунанда гузаронида мешаванд.

Рӯзҳои   7,8,9 ноябр дар МТУ №51, №1   озмоиш бо довталабони кластерҳои 1, 2, 3, 4, 5 доир карда мешавад. Мақсад аз гузаронидани имтиҳонҳои озмоишӣ  дурусту  дақиқ муайян намудани роҳи интихобнумудаи толибилмон мебошад, ки пешакӣ роҳандозӣ шуда истодааст.

Хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ тибқи нақшаи омода намудаи Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб ба мусобиқаҳои варзишии тениси рӯи миз, ки аз санаи 1-ум то 2-юми ноябр дар муассисаи таълимии №5 доир карда мешавад, ширкат ва қувваозмоӣ мекунанд.

Рӯзҳои 7-8-уми ноябр дар байни муаллимаҳо ва хонандагону муаллимон мусобиқаи шоҳмот ва рӯзи 9-уми ноябр мусобиқаи шашкабозӣ  дар назар дошта шудааст.

Ҳамзамон хонадагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар даври  3-юми олимпиадаи вилоятӣ, ки дар ноҳияҳои Норак, Ховалинг,  Восеъ баргузор мегардад, ширкат мекунанд.

 Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code