Зимистонгузаронӣ дар муассиаҳои фарҳанг

Муассисаҳои фарҳангии шаҳру деҳоти Кӯлоб ба давраи  зимистони солҳои 2018-2019  пурра омода гардидаанд. Ба иттилои мудири бахши фарҳанг Муродмад Рахимов барои зимистонгузаронии соҳаи фарҳанги шаҳру деҳоти Кӯлоб аз ҳисоби буҷаи шаҳр 16 000 сомонӣ ҷудо гардида, то имрӯз як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Барои гарм кардани муассисаҳои фарҳангӣ 43 метри мукааб  тирезаҳои муассисаҳои фарҳангӣ аз қабили китобхонаи марказӣ, қасри фарҳанги шаҳр, мактаби мусиқии №1, №2, мактаби рассомӣ, шишабандӣ карда шудаанд.

Айни ҳол дар бахши фарҳанги шаҳр барои гарм кардани муассисаҳои фарҳангӣ  28 адад печҳои баркӣ, 5 адад кондиционерҳо барои гарм кардани ҳуҷраҳои  корӣ, 6- адад кондиционерҳо калони қасри фарҳанг ва 15 адад печҳои аловӣ ва 15- адад печҳои радиаторӣ  барои зимистонгузаронӣ омода  карда шудааст.

Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code