Туй дар Хуррамдара – Туйи Тоҷикистон аст

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Тараддуди аҳли эҷоди театри мазҳақа –мусиқии вилоятии  ба номи  Сайдалӣ  Вализодаи шаҳри Кӯлоб   имрӯзҳо  меафзояд. Зеро пас аз чанд рӯзи  ҳисобӣ  80-солагии ин театри овозадор таҷлил карда мешавад.

Ҳунармандони театри вилоятии мазҳакаи  мусиқии  ба номи Сайдалӣ Вализода  бахшида ба 80-умин солгарди театр, ки ҳафтаи гузашта дар сатҳи баланд таҷлил мегардад, асари хубу диданиеро аз рӯи асари  шоири халқии Тоҷикистон  Сафармуҳамад Аюбӣ  ва коргардони ботаҷриба  Раҳмоналӣ Одинаев ба саҳна  гузоштанд.

Ҳангоми тамошои саҳна ба димоғ буи хуши деҳа, самимият ва итиҳодии мардуми деҳа ба чашм мерасад. Тамошобин аз  ҳазлу шухиҳо ва суруду рақсҳои ҳунармандони   ин намоишнома ба ваҷд омада   лаҳзае аз гиру дори зиндагӣ фориғ мешавад.

Режисёр  намоишномаро ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  хеле мувофиқ кунонидааст. Намоишнома аз саҳнаи занони певозкаш оғоз гардида дар он маросимҳои мардумии намадмолон ва  сартарошон хеле хуб ифода ёфтааст.

Ҳамзамон дарнамоишнома дустии миллатҳои дусту бародар Тоҷикистону Узбекистон таҷассум ёфтааст.

Дар ин намоишнома хунармандони шоистаи Тоҷикистон Худойназар Тилавов, Толибҷон Бобоев, Мирзо Раҳмон, Маҳмадӣ Абдурасулов  ширкат ва ҳунарнамоӣ намудаанд.

Дар намоишнома аксари ҳунармандони театр ширкат намуда буданд. Намоишномаи Туй дар Хуррамдара туйи ҳақиқии мардуми тоҷик аст, ки  дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебаранд.

Пас аз анҷоми намоишнома  сардори Раёсати Фарҳанги вилояти Хатлон Бурҳониддин Раҷабов , нависанда ва драматург Ҷумъа Қудус ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  Сулаймон Ситамов  аҳли эҷоди театрро  бо эҷоди  ин асар  муборакбод намуданд.

Тамошои ин намоишномаро ба ҳама тавсия медиҳем, зеро намоишнома аз сонияҳои аввал то ба  анҷом  шуморо  хушҳолу болидахотир мегардонад.

                                                             Сулаймон Султон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code