Чехраи аслии Сайидюнусро бишносем

Дар шабакахои ичтимои ва сомонахои интернети шахсе бо номи Сайидюнуси Иставрашани, ки худро тахлилгари «хамадон» мехисобад, дар мавзуоти мухталифи фархангиву сиёси ва ичтимоиву адаби хомафарсои мекунад. Ин нафар пойгохи тахлилииеро «сохиби» мекунад, ки  ба унвонии «Кимиёи Саодат» дар шабакаи чахонии интернет чойгох дорад. Номбурда аз ин пойгохи дурӯғпарокании хеш хамеша матлабу мақолотеро ба миён мегузорад, ки хусусияти муғризона ва хангомачӯёнаро доранд. Аксар навиштахои ин нафар бо як услуби мармуз нигошта шудаанд, дар зехнхо суолотеро ба вучуд меоварад, ки оё Сайидюнус худ аз навиштани ин мақолахо чи мехохад? Оё дар асл хадафи ӯ воқеиятро тахлил кардан аст, ё тахрифи воқеият? Мафхуми «Гуфтугӯ бо огохон», ки дар мақолоташ ишора мекунад, яъне киро дар назар дорад? Ин огохон чаро ва аз чи рохе махз бо ӯ дар иртиботанд? Мафхуми «мачмуи додахо» ( база данных)-ки дар мақолахояш борхо ишора мекунад мутааллиқи кадом шабакаи чосуси ё хадамоти махсуси давлати хоричи нестанд? Ин хама бозгӯкунандаи он нест, ки мухтарам Сайидюнуси Истаравшани хидмати кадом сервиси махсуси кишвареро анчом намедихад?

Барои равшани андохтан ба ин суолот аввалан бояд муаян намуд, ки Сайидюнуси Истаравшани кист ва дар кадомин мухити хонаводаги тарбият ёфтааст, зеро таъсири мухити хонаводаги дар парвариш ва бакамолрасии фарзанд таъсири зиёде дорад, ки онро борхо донишмандону мутафаккирон қайд намудаанд. Аз чумла хаким Фирдавси мефармояд:

Ба нопокзода мабандед умед,

Ки занги нагардад ба шӯстан сафед.

Номи аслии ӯ на Сайидюнуси Истаравшани, балки Бурхонов Юнус Аббосович буда, мавсуф миёни ахолии зодгохаш – шахри  Истаравшан хамчун шахси фитнагар ва «зани чилшавхара» шинохта мешавад. Авлоди Бурхоновхо миёни мардум хамчун ашхоси «аспдузд» ном бароварда, солхои вазнинии хаёт ба чойи мехнати халол ва дастгирии ахли диёр аспони мардуми фақирро аз дехот дуздида дар қаламрави  Чумхурии Узбекистон мефурухтанд ва аспони сокинони он кишварро низ ғорат карда, ба Точикистон оварда мефурӯхтанд.

Бобои номбурда Бурҳон ном дошта замоне ба сифати мудири анбор кор мекард. Он давра замони қаҳтию гуруснагӣ буд, мардум нони хӯрдан надоштанд. Ӯ гандумро медуздад ва ба хотири дуздияшро пӯшонидан анборро оташ мезанад. Барои амали нопокаш ӯро ба ҳабс мегиранд ва барои даҳ сол ба минтақаи Сибири Русия бадарға мекунанд. Падари Юнус – Аббос амали бобояшро давом медиҳад. Миёни мардуми Истаравшан падари ӯ бо номи аспдузд «шӯҳрат» дорад. Агар дар Истаравшан пурсед, ки падари Маҳмадюнусе, ки мехоҳад номи Истаравшанро доғдор кунад кист, бо як овоз мегӯянд: “Аббоси аспдузд”. «Писар чи гуна, падар намуна»- мегӯянд мардуми тоҷик.

Пас аз бадарға шудан ин оила ба шахраки Пролетари нохияи Пролетар (хозира  н.Чаббор Расулов) кӯч баста, дар он чо низ аз сабаби ба муросо наомадан бо хамсоягон ва бо бахонаи дуохони расидан ба иззати нафси занхои бемору эхтиёчманд, ради маърака шуда, баъди чанд сол боз ба махаллаи Боғоти шахри Истаравшан баргашта меояд.

Бурхонов Юнус дар зиндаги ду маротиба оиладор шудааст. Хангоми тахсили дини гирифтанаш дар шахри Тошканд дар назди домулло Маъруфчон Рахимчонов – собиқ имомхатиби масчиди чомеи «Усмони Чархи»-и дехаи Ободи шахри Истаравшан, ки соли 1993 аз чониби мақомоти суди вилояти Суғд ба мухлати 5 сол аз озоди махрум шуда буд, бо хар найрангу васваса ба дили ӯ чо шуда, духтари ин нафарро  ба зани мегирад ва аз он сохиби чор фарзанд мешавад. Пас аз мочарохои зиёди оилави ва гирифтани зани дуввум аз шахри Вахдат, зани аввалааш аз ӯ чудо шуда, ба назди оилаи худ ба шахри Тошканд бар мегардад. Дар Тошканд ӯро мақомоти қудратии Чумхурии Узбекистон барои алоқамандиаш бо гурӯххои террористи дастгир карда, ба мухлати 13 сол ба махкама мекашанд, ки нихоят соли 2014  дар махбас вафот мекунад. Бурхонов Юнус бошад бо зани дуввуми худ ба шахри Қуми Чумхурии Исломии Эрон фирор мекунад.

Бародари Бурхонов Юнус – Бурхонов Юсуф Аббосович бошад, соли 2008 барои даст доштанаш ба муомилоти ғайриқонунии воситахои нашъадор боздошт ва ба мухлати 9 сол аз озоди махрум карда шудааст. Бародари дигараш Бурхонов Мансур Аббосович соли 1995 мадрасаи «Имом Хумайни»-и шахри Қумро хатм намуда, дар шахри Мозандарони Чумхурии исломии Эрон таълимоти харби хам гирифтааст. Ӯ соли 2002 хамчун аъзои ташкилоти террористи аз чониби мақомоти хифзи хуқуқи Чумхурии Точикистон боздошт шуда, ба мухлати 12 сол аз озоди махрум карда шудааст.

Бурхонов Юнус пас аз мактаби миёна идомаи тахсилро дар кишвархои хорича (шахри Саратови Федератсияи Россия, шахри Тошканди Чумхурии Узбекистон, шахри Димишқи  Сурия, шахри Қуми Чумхурии Исломии Эрон) гирифта, мубаллиғи ақидагарои, мазхабгарои ва сиёсати мочарочӯи гаштааст. Ӯ дар хамрохи бо якчанд ашхоси чиноятпеша, аз чумла раиси ташкилоти экстремистию террористии Хизби нахзати исломи – Мухиддин Кабири ва якчанд нафароне ки аз чониби Интерпол дар чустучӯи чинояти қарор доранд, мехоханд тариқи шабакаи ичтимоии “Фейсбук”, сахифаи шахсии интернетии «Кимёи саодат», барномаи телевизионии «PersiaTV», “К+” оташи чанги Сурияву Ироқро ба Точикистон оранд.

Ӯ як маротиба хангоми бозгашт ба Точикистон ба  таблиғи ақоиди бегонаи дини ва ихтилофбарангезии мазхаби даст зада, аз чониби равшанфикрон мавриди интиқоди  сахт қарор гирифта буд ва тарки кишвар карда буд. Хамчун мушовири махфии рохбарияти ТТЭ ХНИ дар Точикистон солхои тӯлони фаъолияти пасипардаги бурда, аз чониби хайрияхои мақомоти чосусии хоричи маблағхои зиёдро сохиб мешуд.

Дар аксари навиштахои Сайидюнус пайдост, ки худ даъвои донишманди дорад ва ба чуз харфхои хеш хар нуқтаи назари дигар барояш  чаранд ва ёва талаққи мешавад. Ин бозгӯйкунандаи он аст, ки ин нафар сахт худбовару худхох аст. Харчанд аксар маврид Истаравшани даъво пеш меоварад, ки хеч гох на дар гузашта ва на дар холи хозир узви созмони террористии ХНИ набудааст. Аммо «ин бандаи Худо», ки бисёр адолатпеша будааст, хамвора вақте дидааст «дар бораи ин хизб харфи бечо ва тухмати нораво мезананд» аз он дифоъ ба амал меовардааст ва ин кор барояш вазифаи инсонию механи ва таклифи шаръи будааст.

Харчанд Истаравшани даъво пеш меоварад, ки ӯ аъзои ТТЭ ХНИ нест, аммо масъала танхо марбути аъзо будан ба ин ё он хизб нест. Воқеият ин аст, ки Истаравшани ба хайси яке аз дифоъгарони расмии ТТЭ ХНИ дар шабакахои ичтимои ба хисоб меравад. Вай ва аъзоёни раёсати ТТЭ ХНИ яксон андеша мекунанд ё аз як пойгох ва ба таври якхела дастур мегиранд ва идеологияи ягонаро чонибдори менамоянд. Аз ин рӯ, шарт нест, ки расман аъзои ТТЭ ХНИ буд ё набуд.

Аз тахлил ва навиштахои Саидюнус пайдост, ки номбурда ба хайси афсари чосусии кадом кишваре амал мекунад. Зеро тарзи фаъолияти  пойгохи хабарию сиёсии ӯ дар интернет ва макону мақари он дар хоричи кишвар бозгӯкунандаи онанд, ки гумоштаи хадамоти махсуси  кишвари муайян аст ва аз манофеи он дифоъ мекунад.  Дар 24 соати шабонарӯз дар шабакахои ичтимои ва расонахои хабари ба хайси афсари чосусии  хадамоти махсуси хочагонаш хизмат менамояд. Вазифаи асосии “шариатпанох” гумрох кардани чавонону чалб намудани онхо барои манфиатхои бегона аст. Сайидюнуси “хамадон” мисли падару бобояш хама чизро мефӯрашад, зеро барои ин тоифа дарки мафхуми “хиёнат” вучуд надорад. Ин нафарон барои пулу манофеъ ва обрӯи арзон ба давлату миллати худ хиёнат мекунанд ва аз усули муғолата истифода намуда, худро донишманду тахлилгар ва то хадде хакиму файласуф нишон медиханд.

Сайидюнуси “рисолатпанох”,  аз чандин ниқоб барои ба доми тазвири ақоиди хеш кашидани чавонон истифода менамояд. Гохо худро хакиму файласуф вонамуд месозад ва тахлили фалсафаи Синою файласуфони урупоиро бо назардошти манфиатхои худ ва дастурхои хочагонаш тафсир медихад, ки аслан хеч алоқаманди ба худи онхо надоранд. Гохе худро зистшинос ва донандаи қавонини рушди олами зинда разёби мекунад ва назарияи тахаввули олами зиндаро ба тарзи худ олуда бо фахми шариатмехвари мавриди арзёби қарор медихад. Гохе тафсиргари Хайёму Мавлоно мешавад ва аз «шароби лоязоли» харф дар миён мегузорад. Воқеият чехраи ин “донишманд” ин аст, ки тайи солиёнест барои манфиатхои бегонагон алайхи миллату давлати худ бо номи «дифоъ аз ормонхои исломи» мубориза мебарад. Сайидюнуси «хамадон» сахт бечора аст, зеро барои ин нафар иродаи озод вучуд надорад. Шабахи лухтакест, дар дасти дигарон.

Саидюнус гохе дар чехраи “пажухишгари исломи” худро ба чилва меорад, вале боре ин воқеиятро намегӯяд, ки хамон чомеае, ки шариатсолору бихишти адн аст ва инсонхо дар он хубу рохат зиндаги доранд кадом аст, ки онро хамчун нимод қарор диханд ва онро пайгири кунанд, ин Эрон аст, Арабистони Сауди аст, ДИИШ аст ё хазрати Махди омада онро бунёд мекунад ва шабу рӯз ибодат карда онро мунтазир бошем?   Ин “пажӯхишгари исломи” боре зикр намекунад, ки ин чараёнхои чиходии исломи, ки хар рӯз дар кишвархои чахон даст ба тарсафканию дахшатафакани мезананд, инсонхоро зинда-зинда месӯзонанд, чомеахоро хароб мекунанд ва қатлу ғорату кушторро бо бадтарин ва фачеътарин шева анчом медиханд кори исломи ноби хоставу назари сарпарастони ӯро анчом намедиханд.

Ё ин хама ба истилохи Сайидюнус «мазаи мусалмон» будан аст, ки инро дигархо эхсос кардан наметавонанд ва онро танхо ӯ ва хаммаслакони шариатбунёди ифротиаш  хис кардаанд? Ин “пажӯхишгари исломи” намегӯяд кадомин равияю марчаияти имрӯзаи исломиро бояд бовар кард ва онро воқеияту исломи ноб бояд шинохт. Салафияро, вахобияро ташайюъро, вилояти фақехро, ДИИШ-ро, Боку харомро, Ансоруллохро, Харакати Исломии Узбекистонро, ТТЭ ХНИ-ро, Ихвон ул муслуминро, Ал-қоидаро,  Харакати Толибонро, “Лашкари тайиба”-ро? Кадомро?

Тайи ин хама  солиён, ки ба истилох “пажӯхишхои исломи” анчом додааст, ба чуз гумрох намудани хазорон нафар ба хотири манфиатхои бегонагон кори дигареро анчом надодааст. Аз навиштахои ин “пажухишгар” пайдост, ки номбурда аслан аз дидгоххои илми ва равишу методологияи онхо хабаре надорад ва аз сатхи як охунд болотар андеша карда наметавонад, дар чорчӯбаи як охунд, ки чахонро аз дидгохи асри 7 қиёс мекунад, донишу “пажухишгари” дорад.

Мутаасифона, бо харфхои хазёну бемантиқи хеш мардумро гумрох мекунад ва бо овардани мафхумхои «мазаи мусалмон будан», «лаззоти чашидани» ва «умури баён нашудан ва таъриф накардан» мардумро гул мезанад, зеро ин харфхо метавонанд чавонони нохудогоху камдонишро гумрох кунанд ва савқ ба сӯи созмонхои чиходию террористи диханд. Ин аст чехраи воқеии Юнус Бурхонов бо тахаллуси Сайидюнуси Истаравшани, ки худро ном мегирад мо бояд онро дуруст бишносем, ки ин хамон кури Сайдюнус аст.

Эхсони Илхом,

тахлилгар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code