ҶАЛБИ СОКИНОН БА ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Меҳробод намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки кормандони масъули КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Ҳозирин аз намоиши ҳунарҳои дастии сокинони маҳаллаи Меҳробод дидан карда, зимни он қайд карданд, ки бахшида ба эълон гардидани Соли рушиди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баҳри ҷалби бештари мардум ба ҳунарҳои дастӣ, эҳё ва зиндагардонидани ҳунарҳои миллии қадимаи тоҷикон, ба ин васила бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарони хонашин, ҳавасманд гардонидани ҳунармандон, инчунин огоҳонидани мардум аз хавфу хатри терроризм ва ташкилотҳои ифротӣ, чорабиниҳои фаҳангию сиёсиро роҳандозӣ карда истоданд, ки ин ба мақсад мувофиқ мебошад.

Кормандони масъули ҳизбӣ дар идомаи ҳамоиш вобаста ба дигар паҳлуҳои фаъолияти ҲХДТ соханронӣ намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code