Мактаби бачагонаи рассомӣ- даргоҳи ҳунаромӯзӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миилат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба масъалаи норасоии кадрҳои соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намуда иброз намуданд, ки «Моро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангиро беҳтар гардонем, аҳли ҷомеъаро ба ин муассисаҳо ҳарчи бештар ҷалб кунем ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеъаи, алалхусус наврасону ҷавонон,  яъне наслҳои ояндасози миллат ва рушди фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшем»

Насли наврас ва ҷавонон  ояндасозони  ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо диққат ва ғамхории зиёд  зоҳир менамояд.

Яке аз муассисаҳои таълимие,  ки ба тарбияи зебопарастии  кӯдакон дар шаҳри Кӯлоб  равона карда шудааст, мактаби бачагонаи расосомӣ дар шаҳри Кӯлоб буда, ба омӯзиши ҳунарҳои бадеию халқӣ равона гардидааст .

Мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Кӯлоб  соли 1977 дар назди мактаби мусикии шаҳри Кӯлоб кушода шуда аст. Солиёни зиёд муассиса бинои асосии худро надошт.

Мактаби бачагонаи рассомӣ бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 17 ноябри соли 2005 таҳти №390 дар бинои  собиқ китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин  Айнӣ,  воқеъ дар кучаи ба номи Ҷумаев ҷойгир карда шуд.

Айни ҳол дар мактаби бачагонаи рассомӣ 24 муаллими ихтисосманд, аз ҷумла дорандагони Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочиёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аъзои итифоқи рассомон  ба 260 нафар хонанда дарс мегӯянд.

Ҳамзамон мактаб боз 6 филиали худро дар муассисаи таълимии №4, шафати  бинои муассисаи таълимии №6, филиали муассисаи таълимии №41-и маҳаллаи Сайдалӣ  Вализода, қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Зиракӣ, муассисаи таълимии №11-и ҷамоати деҳоти Зарбдор ва дар маҳаллаи Борбад кӯшода шудааст.Бояд, гуфт, ки мактаби бачагонаи рассомӣ ихтиёрӣ буда,  таҳсил дар он 4 солро  дар бар мегирад.

Ин мактаб дар дар ҳаёт ва зебопарастии хонандагон  такони ҷиддӣ бахшида онҳоро,  барои эҳё намудани ҳунарҳои аҷдодӣ ҳидоят менамоянд.

Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code