Кӯлоб : Оғози кишти ғаллаи тирамоҳӣ

Кишоварзони деҳоти Кӯлоб ба кишту кори тирамоҳии ғалла оғоз намуданд. Бинобар иттилои роҳбари  Хоҷагии деҳқонии «Сабз»- Сабзов Нуралӣ,  ки аз хоҷагиҳои калонтарини  ҷамоати Зарбдор ба ҳисоб меравад, аллакай хоҷагии «Сабз»  дар майдони 30 га ғаллаи навъи Краснодар- 99 кишт кардааст, ки ҳосилнокии он то  100 сентнерро ташкил медиҳад. Хоҷагӣ дар ҳар гектар замини обӣ  230 кг ғалла кишт намуда, барои ҳосилхез шудани замин ба  ҳар гектар  150 кг нурии минералии навъи «амофос» ҳамроҳ менамояд. Деҳконони хоҷагӣ барои тоза намудани ғалла аз дастгоҳи пуриқтидорри олмонӣ истифода менамояд, ки дар як рӯз  8 тонна ғалларо тоза намуда, ғаллаи пуч ё тухми алафҳои  бегонаро    пурра тоза менамояд.

                                                                             Бахши бойгонӣ матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code