Оғози лоиҳаи партовҳои сахти маишӣ

       

 

 

 

 

 

 

   Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  санаи 30-юми октябри соли 2018 амалишавии лоиҳаи партовҳои сахти маишӣ  бо иштироки мушовирони дохиливу хориҷии лоиҳа  доир гардид.

    Муовини раиси шаҳр Исмоилзода С  ҳозиринро бо оғози лоиҳа табрик гуфта,  ба Бонки аврупоии  рушд  ки барои амалишавии лоиҳа 3 мл Евро кумаки  бебозгашт намудааст,  изҳори миннатдорӣ намуд.  

   Дар баромадҳои худ  баромадкунандагон зикр  намуданд, ки лоиҳа аз моҳи октябри соли 2018  то моҳи сентябри соли 2021 идома меёбад  ва зимни амалишавии лоиҳа дар навбати аввал таҷдиди корхона,бозомӯзии кормандон,  бунёди шароити созгор барои кормандон дар дохили корхона, бо либосҳои корӣ таъмин намудани кормандон, харидорӣ намудани партовгоҳҳо ва техникаҳои партовкашонӣ дар дар назар дошта шуда аст. Шартномабандӣ бо мизоҷон ва   муҳосибот  бо усулҳои  ҷадиди мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ба роҳ монда мешавад.

Бахши бойгонӣ-  матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code