Курси омӯзишии «Зан- роҳбар»

 

 

 

 

 

 

 

  Санаи 30-юми октябр дар толори Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода  Махфират Умар, раиси комиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода ва намояндаи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Амид Комилбеков курси омӯзишии «Зан-роҳбар» доир карда шуд.

Курси мазкур бо  мақсади иҷрои нақшаи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону ҷавондухтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» ва «Нақшаи перспективии ҷавонгардонии  кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону ҷавондухтарони лаёқатманд барои солҳои  2015-2020»  бо иштироки муовинон, котибон ва мутахасисони соҳаи рушди иҷтимоии ҷамоатҳои  шаҳраку деҳоти  шаҳру ноҳияҳои минтақаи  Кӯлоб  ҷараён ёфта,  муддати ду рӯз  идома меёбад.

                                       Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code