Қайдҳо аз машварати назоратии назди раиси шаҳр

     Санаи 29 октябри соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаи «Сари вақт омода намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

     Баъди шунидани ахбороти муовини раиси шаҳр Ҳафизов П, раиси шаҳр иброз дошт, ки масъалаи мазкур яке аз масъалаи асосӣ ба ҳисоб рафта бояд тамоми соҳаҳои иқтисодию  иҷтимоӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда  ҳаматарафа омода бошанд Сипас оид ба омодагӣ ба давраи зимистон аз сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳамоҳангсози соҳаи тандурустӣ, мудири бахши фарҳанг, сардори идораи маҳсулоттайёркунӣ,  сардорони идораи роҳхо, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрӣ,  сардори идораи обтаъминкунӣ, сардори шабакаҳои барқ ва масъулини хадамоти назорат дар соҳаи нақлиёт пурсида  шуда, барои пурра ба давраи зимистон омода намудани муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, захира намудани маводи ғизоӣ, сузишворӣ, маводҳои зидилағжиш, дар ҳолати корӣ қарор додани системаҳои обтаъминкунӣ, барқтаъминкунӣ, тайёрии техникаҳо барои тозакунии барф, омодагии нақлиёти мусофиркаш ва дигар чорабиниҳои омодагӣ вазифадор гардиданд.

     Дар муҳокимаи масъалаи мазкур оид ба ҷой доштани камбудиҳо дар рафти омодагии як қатор соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор ба давраи зимистони солҳои 2018-2019 муҳокима гардида,  масъулин барои дар мӯҳлати кӯтоҳ бартараф намудани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Сипас масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла

-рафти даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-рафти иҷрои нақшаи супоридани пахта аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ; -оид ба рафти амалишавии амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 30 январи соли 2018, №30 «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба бартараф намудани қарзи музди меҳнат дар корхонаҳои коммуналии шаҳр;

-рафти амалишавии қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 14 сентябри соли 2018, №632 «Дар бораи амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-рафти иҷрои нақшаи андозҳои давлатӣ ва чораҳои кам кардани бақияпулиҳои андоз дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-ҳолати ҷамъоварии маблағҳои ҳаққи истифодаи нерӯи барқ аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ;

-рафти амалишавии амри раиси шаҳри Кӯлоб аз 11 июни соли 2018, №117 «Дар бораи таъсиси гуруҳҳои корӣ оиди омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-рафти сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ ва таъмини онҳо бо масолеҳи сохтмонӣ;

-ҳолати омодагии муассисаҳои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар давраи зимистон; -рафти таъмиру азнавсозӣ, иҷрои корҳои ободонӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-ҳолати ҷамъоварии маблағҳои ҳаққи истифодаи об аз тарафи аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар идораи беҳдошти замин ва захираҳои оби шаҳри Кӯлоб;

-вазъи соҳаи саноат, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти сохтмонӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб;

-ҳолати тозагии шаҳр ва баровардани партовҳо аз партовгоҳҳои кӯчаҳои шаҳр

-омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6-ноябр)

-рафти обунашавӣ ба рӯзномаю маҷалаҳои давраи барои соли 2019 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, гузоришҳои шахсони масъул шунида шуда, аз муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони бахшу шуъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳо пурсиш намуда, вазифаҳо аз тарафи раиси шаҳр барои ҳафтаи навбатӣ муайян гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code