ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ ДАР МАҲАЛЛАҲО РИВОҶ МЕЁБАНД

Имрӯзҳо дар маҳаллаю деҳаҳои шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо маром идома  дорад. Дар доираи ин дар маҳаллаи Истиқлол бо ҷалби сокинон намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Сокинон дастаҷамъона ҳунарҳои дастии худ ва хӯрокҳои миллиро ба маърази дид гузоштанд.

Зимни чорабинӣ, дар маҳаллаи мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин, Файзуллоев Алишер –  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ  дар шаҳри Кӯлоб ва Мунаввараи Бозоралӣ – мудири шуъбаи кор бо занон Кумитаи иҷроия, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки таърих гувоҳ аст, ки аз қадим мардуми тоҷик ба ҳунарҳои миллӣ шавқу ҳаваси беандоза доштанд. Ҳунарҳои дастӣ ҳамеша ба ҳаёти инсонҳо алоқаманданд. Бо ин мақсад ташаббуси Сарвари давлат оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ саривақти буда, баҳри пешравии ин соҳа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ду самти афзали сарватҳои миллӣ ҳастанд, ки бо ҳам алоқамандии зич доранд. Сайёҳон бо таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои миллӣ ба кишвар рӯ меоранд ва тавассути онҳо чунин ҳунарҳо ба ҷаҳониён муаррифӣ мегарданд.

Чорабинӣ бо роҳандозии намоиши фарҳангӣ ба охир расид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code