Сохтмони Маркази хизматрасонӣ ва Меҳмонхона

Дар маҳаллаи Дустии шаҳри Кӯлоб  дар шафати меҳмонхонаи «Роҳи абрешим»  аз тарафи сокини шаҳри Кӯлоб Комилов Алӣ  Маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхона сохта шуда истодааст. Аллакай ошёнаи якуми ин иншоот сохта шуда,  сохтмони ошёнаи дуюми  он оғоз ёфтааст.

Комилов Алӣ  ният дорад, ки дар ошёнаи якуми иншоот нуқтаи шустушуи нақлиёт ва мағоза бунёд намояд. Дар ошёнаи дуюми   иншоот  бошад, меҳмонхона бунёд карда мешавад.

Дар ҳоли ҳозир дар иншоот  7 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб карда шудаанд. Ба иттилои соҳибмулк иншооти мазкур  дар арафаи иди Наврӯз ба истифода дода  мешавад.

                                                      Бахши бойгонӣ- матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code