Кӯлоб:Омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт дар давраи тирамоҳу зимистон

Имрӯз дар машварати назоратии  назди раиси шаҳри Кӯлоб масъалаи иҷрои  қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 18 июни соли 2018 , №364 оид ба  амалишавии қарори раиси вилояти Хатлон барои фаъолияти мунтазам ва ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони 2018-2019  мавриди  муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

Тибқи маълумоти котиби комиссияи ситоди зимистонгузаронӣ раёсати молияи шаҳр барои зимистогузаронӣ ба соҳаи маориф 132,3 ҳазор сомонӣ ё 98,1 фоизи нақша ба соҳаи тандурустӣ 50,3 ҳазор сомонӣ ё 134,3 фоизи нақша ва ба сохаи фарҳанг 14,8 ҳазор сомонӣ ё 80 фоизи нақша дар маҷмуъ 202,5 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ намудааст, ки 103,3 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи чораҳои андешидаи ситод дар  муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳру деҳоти Кӯлоб 118 тонна ангишт, ё 100 фоиз,  913 метри мукааб ҳезум, ё 114 фоиз,   1387 литр сузишворӣ ё 100 фоиз маводҳои сузишворӣ барзиёд захира карда шудаанд.

Дар 9 муассисаҳоитаълимӣ дегхонаҳо дар ҳолати корӣ қарор дошта, 42 муассиса бо хати барқи озод таъмин мебошанд.

Дар муассисаҳои томактабӣ 78 печҳои барқӣ ва 25 печҳои аловӣ мавҷуд буда, ин имконият медиҳад,ки дар фасли зимистон дар ҳолати мушкилии барқ печҳои аловӣ истифода карда шуда барои кӯдакон шароити хуб фароҳам оварда шавад.

Раисони ҷамоатҳои деҳот вазифадор гардиданд, ки муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳангро бо ҳезум таъмин намоянд.

Барои аз зимистон солиму бардам баровардани чорво аз рӯи маълумотҳо  13 ҳазору 952 тонна   хуроки дурушт ё 120 фоиз, 1950 тонна хуроки ширадор(силос) ё 213 фоиз захира гардида ба ҳар як сар чорво 16,7  воҳиди хӯрока рост меояд, ки 122 фоизи нақшаро ташкил додаст.

Барои таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр маводи лағжишро ба миқдори 82м3 қум ва 12 тонна намак бояд захира намояд, тибқи маълумотҳо 90 метри мукааб маводи зидди лағжиш омода шуда, маводи зидди лағжиш бо назардошти бақияи соли гузашта ба  миқдор 239 метри мукааб захира гардидааст.

Дар муассисаи мазкур 6 адад автомашина, аз ҷумла 2 боркунаки фронталӣ, 2 автомашинаи ГАЗ 53, автогрейдер, дулан омодаи кор мебошанд.

Роҳбарияти муассиса кормандонро бо либоси махсуси зимистона таъмин намуда, барои навбатдорон дар фасли зимистон утокҳоро омода карда, 5 метри мукааб ҳезем захтра намудааст.

Барои зимистонгузаронӣ бояд 1200 литр сузишворӣ захира карда шавад, тибқи маълумотҳо то 25 октябри соли равон 1800 л ё 150 фоиз сӯзишворӣ захира гардидааст.

Корхонаи воҳиди таъмиру барқароркунии роҳҳои автомобилгарди дохилишаҳри 70 метри мукааб ё 140 фоиз маводи зидди лағжиш омода карда, 800 литр  сузишворӣ захира намдуда аст.

ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» ҷиҳати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон солҳои 2018-2019 барои омодагии зеристгоҳҳо, трансформатор, хатҳои интиқоли барқ ба мавсими тирамоҳу зимистон чораҳои заруриро амалӣ намуда, 7 адад трансфарматори қуввагии иқтидорашон паст ба трансфарматори иқтидорашон баланд. иваз карда шуда, дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр ва деҳаҳо 12 тарнсфарматори иловагӣ, аз ҷумла дар маҳаллаи Ҷ. Расулов, маҳаллаи  8- ум, кӯчаи Чармгари поён, деҳаи Зиракӣ, Андароб ва Зарбдор гузошта шуданд.

Ҳамчунин 115 адад пояҳои оҳану бетонӣ шинонида шуда, 55 адад тарансфарматор таъмир карда шуда, зеристгоҳи барқии 35/10  кв аз таъмири асосӣ бароварда шуда, инчунин хатҳои барқи ҳавоии буришашон паст ба баланд дар масофаи 14 км иваз карда шудаанд.

Барои ҷамъоварии ҳаққи истифодаи нерӯи барқ дар давраи тирамоҳу – зимистони солҳои 2018-2019 раисону кумитаҳои маҳаллии кӯчаю маҳалла ва деҳаҳо вазифадор гардиданд, ки бо роҳбарияти идораи шабакаҳои барқи шаҳр ҳамкорӣ намуда,  мусоидат намоянд.

                                                              Бахши бойгонӣ –матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code