Ҷамоварии пахта дар хоҷагиҳои кишоварзии Кӯлоб

Пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими  соҳаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, пахта рамзан ҳамчун тиллои сафед  дониста шудааст.  Бо вуҷуди гарм омадани тобистони соли 2018, ки ба нашъунамои пахта таъсири манфӣ расонид, пахтакорони кӯлобӣ  ҳар як рӯзи офтобиро самаранок истифода бурда  ҳамарӯза ба  корхонаҳои пахтатозакунии шаҳру деҳоти Кӯлоб   58,2 тонна пахта  месупоранд, ки 0,92 фоизи иҷроиши нақшаро дар як рӯз ташкил медиҳад.

То санаи 29 октябри соли 2018   3517,4  тонна пахта ба корхонаҳои пахта супорида шудааст, ки дар мачмуъ  55,83 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

                                                                   Бахши бойгонӣ -матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code