ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ВА АМНИЯТУ ОСОИШТАГӢ АЗ МАҚСАДҲОИ АСОСИИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ МАНСУБ МЕЁБАД

Мавриди зикр аст, ки миллати тоҷик таҳти фаҳмиши башардӯстонаи худ, яъне бо идеологияи ҷаҳоншумули “Рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек” дар таърихи инсоният ба оламиён борҳо тамаддун додааст. Аввалин тамаддун инсонгроӣ ва дигар ин тамаддуни фарҳангароӣ, ки тоҷикон ду бор ҷаҳониёро аз хатари нуфузи ваҳшатгароӣ ва садҳо миллату қабилаҳои саҳроиро ба ҳаёти мулкӣ ва оини шаҳрдориву шаҳрнишинӣ ба пояи ин тамаддунҳо ошно сохтанд. Ва мо дар саргаҳи тамаддуни сеюм ваҳдатгароӣ ва сулҳҷӯӣ қарор дорем, ки тавассути заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳтарин ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардонида шуд ва бо ин восита мо тоҷикон исбот намудем, ки ягон ақидаҳои бебунёду фишорҳои душманон иродаи матини моро шикаста наметавонад.

Инак, 27-сол зиёд аст, ки дар фазои сулҳу субот ва осудагиву ҳамбастагӣ ҳамчун миллати тамаддунофар зисту зиндагонӣ дорем. Тоҷикистон имрӯз хонаи умеди тамоми тоҷику тоҷикистонӣ гардидиааст. Ҳар як гӯшаю канор ва ҳар як сангу хору хаси Тоҷикистон барои мо азиз азизу муқаддас аст. Ин марзу буме, ки аз аҷдодони гушта барои мо мерос мондааст ва ин истиқлолияту ваҳдатеро бо ивази ҷони ҳазорҳо фарзандони бонангу номус ба даст овардем, бо тамоми ҳисти ҳифзу ҳимоя менамоем.

Ҷаҳолате, ки имрӯз ҷаҳони муосирро зери ниқоби терроризу экстремизм ва гуррӯҳҳои мафиатҷӯ фаро гирифтааст, дилхоҳ давлат кушиш менамояд, ки дар кишвари ӯ осоиштагию субот пойдор ва мардумаш тинҷу ором бошад.

Тамоми мардуми сайёра тавассути телевизиону шабакаҳои интернетӣ шоҳиди он гардидаанд, ки пеш аз ҷангу нобасомони сар задан Ироқу Сурия, Яману Либия дар кадом вазъият қарор доштанд ва ҳоло дар кадом ҳолат қарор доранд. Дар ин мулкҳои нозанин ягон ҷойи обод намодааст. Ҳазорҳо мардумонашон об дар бари рӯ гуреза шуда, ба гӯшаву канори дунё дар ҷустуҷӯи осудаҳолӣ мебошанд. Иштибоҳи ин давлатҳо аз он буд, ки дар як гӯшаи мамлакати онҳо нооромиҳо ба миён омад ва он домани васеъ паҳн кард, ки аз ин вазъият душманони давлату миллаташон истифода намуда, ба ин ҳол онҳоро имрӯз оварда расонданд.

Аз ин рӯ инсоният хуб дарк кардааст, ки ҷангу куштор, ғорату роҳзанӣ, силоҳу гардиши маводи мухаддир, ки аз ҷониби ашхоси алоҳида ва ё гурӯҳҳое роҳандозӣ мегарданд, ки ба ҷузъ аз худи онҳо ба касе манфиату хушбахтӣ наовардааст ва намеорад.

Вақтҳои охир дар ҳудуди ВМКБ риоя нагардидани талаботи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, даст задани қисмати муайяни ҷавонону наврасон ба ҷинояткориҳо, аз қабили нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ, даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳо аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо роҳбарон ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ба тарбияи насли ҷавон таъсиргузор буда,  онҳоро ба гумроҳӣ мебаранд. Маҳз бо тавсия ва дастгирии ин гурӯҳҳо ҷавонон даст ба амалҳои ғайриқонунӣ мезананд.

Бо назардошти ин зимни ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон ва роҳбарони ВМКБ аз 15 сентябри соли 2018 дар шаҳри Хоруғ Ситоди доимоамалкунандаи байниидоравии мақомоти таъминоти амният дар вилоят таъсис дода шуд, ки барои бартараф кардани мушкилотҳои ҷойдошта равона карда шудааст.

Ан ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки ноором будани як гӯшаи Тоҷикистони азиз боиси ноором гардидани авзои сиёсии тамоми кишвар, зери суол рафтани сулҳу салоҳ ва якпорчагии он хоҳад гашт. Дар ин бобат шоири бузургвор – Саъдии Шерозӣ хело ба маврид гуфтааст:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш, зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Дар давоми як моҳи фаъолият аз ҷониби аъзоёни гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ихтиёран ба Ситод байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят тақрибан 200 силоҳи оташфишон, аз ҷумла беш аз 70 автомати “Калашников”, даҳҳо норинҷак, тақрибан як кило маводи тарканда ва ҳудуди 5 ҳазор лавозимоти дигари ҷангӣ супорида шуд.

Аммо бо камоли таассуф, бархе нафарони пайдо шуданд, ки моҳияти ин фаъолияти сохторҳои қудратиро, ки барои  пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳо сафабар шудааст, дуруст сарфаҳм нарафта, сару садоҳҳои бардуруғро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, ҳатто ин иқдомро “лашкаркашӣ” унвон намуданд.

Ба он натиҷае, ки Ситод байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят дар муддати фаъолияти як моҳаи худ ноил гашт, метавон дилпурона гуфт, ки ситоди мазкур танҳо барои таъмини амнияти аҳолии осоишта дар ин минтақаи дурдастӣ мамлакат ташкил гардидааст, на чизе дигар.

Ҷинояткор шахсе мебошад, ки рафтори ӯ ба ҷамъият хафнок аст ба истилоҳи дигар ҷинояткор Ватану маҳал надорад ва чи дар вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ ва ё дилхоҳ гӯшаи дунё ҷойгир набошад, бо пайдо кардани имконият ҳатман, ки ба корҳои ношоиста даст мезанад. Дур намеравем шоҳиди он ҳастем, ки баъди хомӯш шудани ҷанги шаҳрвандӣ то қариби солҳои 2000-ум баъзе аз гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар шаҳри Душанбе, Кӯлоб ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буданд, ки рӯирост ба тартиботи ҷамъиятӣ  ва осоиштагии мардум халалдор месохтанд, ки хушбахтона, бо устувор гардидани мавқеи давлату Ҳукумат ин мушкилотҳо бартараф гардиданд. Ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва таъмини амнияту осоиштагӣ дар мамлакат он нафароне, ки ба амалҳои ҷинояткорона даст мезананд, дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷинояти содирнамудаашон ҳатман ҷавоб хоҳанд гуфт.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳангоми сафари Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ВМКБ дар соли ҷорӣ дар маҷмуъ 20 адад иншооти таъиноти гуногун бо маблағи зиёда аз 890 миллион сомонӣ аз манбаъҳои гуногуни маблағузорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд ва ё ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таҷлили 28-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ, ки боз як намунаи қадршиносии  Сарвари  давлат нисбати сокинони ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.

Ҳамчунин ба хотири истиқболи арзанда аз 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон дар вилоят бунёду азнавсозии 90 иншооти таъиноти гуногун бо маблағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ дар назар аст, ки дар ин росто барои истиқболи сазовор аз ин ҷашни таърихӣ ва рушду пешрафти шаҳру ноҳияҳои вилоят Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, вусъати корҳои созандагӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки аз таваҷҷӯҳи хоси Пешвои муаззами миллат ба рушду ободонии ин гӯшаи дурдасти кишвари соҳибистиқлоламон гувоҳӣ медиҳад.

Дар охир гуфтаниам, ки моро беш аз пеш зарур аст ҳамчун соҳибватанони асил барои устувор нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи ваҳдату субот дар ҷомеа атрофи сиёсати хирадммандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид гардида, ҳаргиз фирефтаи таблиғу ақидаҳои бардуруғ нашавем ва бо нишон додани амалҳои созанда дилу дидаи ҷаҳониёнро тасхир созем.

Фирузи Саидмӯъмин – Муовини

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code