Нақши оила дар пешгирии ҷинояткории наврасон

Оила воҳиди басо муҳим ва калидии ҷомеа мебошад. Ба маънои васеъ оила на танҳо падару модар ва бародару хоҳар, балки хешу ақраборо низ дар бар мегирад. Фазои солими муносибати байниҳамдигарӣ дар оила ба таълиму тарбия ва вазъи равонии фарзандон, бахусус ноболиғон, таъсири мусбӣ дорад. Ва баръакс, аз байн рафтани меҳру муҳаббат дар оила,  ҳамдигарфаҳмию самимият, боварию эътиқоди байниҳамдигарӣ ва дастгирии тарафайн ба таназзул ва бадахлоқии наврасон оварда мерасонад.

Бешак тарбияи дурусти наврасон дар оила оғоз ёфта, дар мактаб ва муҳити ҷомеа идома меёбад. Новобаста аз ин,  танҳо оила метавонад каҷравию каҷрафтории наврасонро сари вақт ошкор ва бартараф намояд. Ин аст, ки оила тарбиятгари асосии фарди солим, ватандӯсту инсонпарвар, некбину некхоҳ ва софдилу нексиришт ҳисобида мешавад.

Наврасон асосан дар оила ба муносибат ва симою рафтори волидайн назар андухта, меомӯзанд ва кушиш ба харҷ медиҳанд, ки қолабан рафтору кирдори падару модар ва наздикони хешро такрор намуда, дар қалби худ ҷой диҳанд.

Боварию эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамгироӣ дар оила боис шуда метавонанд, ки наврасон мушкилоти амалию зеҳнӣ ва равонии худро ба наздикони худ бовар карда, изҳор доранд ва барои рафъи онҳо маслиҳат пурсанд. Чун, кадом мушкилоте, ки ба сари ин ва ё он аъзои оила наояд, ба таври мустақил ё ғайримустақил ба зиндагии тамоми аъзои оила таъсир мерасонад. Ин омил волидайнро маҷбур месозад, ки рафтори кирдори фарзандони худро назорат карда, онҳоро дар роҳи ҳак ҳидоят намоянд. Тарбияи дурусти наврасон, ки дар сатҳи осебпазири руҳию равонӣ қарор доранд, омили асосии пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон мебошад.

Наврасон ва волидайн  бояд ба якдигар боварӣ ва эътимоди комил дошта бошанд. Падару модарро зарур аст, ки ба мушкилоти фарзанд гӯш дода, тавонанд маслиҳатгар ва роҳнамоӣ онҳо дар зиндагӣ бошанд. Ҳангоми ба нақшагирӣ ва барномарезии ояндаи фарзанд ғалат содир насозанд, аз ниёзҳои фарзанд дар аёми кӯдакӣ ва наврасӣ бархурдор бошад.  Оила нахустин мактаб ва ҷои асосии тарбия аст.

Мафкура ва руҳияи дар марҳилаи рушд қарор доштаи наврасон нисбат ба омилҳои манфии ҷомеа осебпазир аст. Ашхоси ҷиноятпеша низ аз ин ҳолат истифода карда, кушиш менамоянд, то майлу рағбати ҷавонон ва ҳусни таваҷҷуҳи наврасонро ба худ ҷалб сохта, ба партави ҷиноят шомил созанд. Танҳо волидайни солимфикр имкон дорад маслиҳатгар ва роҳнамои  фарзанди наврас гардад, то ононро аз гирдоби ҷаҳолат дур намоянд.

Дар ин ҷода оила мебояд сазовори боварӣ ва эътимоди фарзандон гашта, макони асосии фарҳангу тамаддун, одобу сунатҳои миллӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстию ватанпарварӣ гардад. Оила маконест, ки дар он арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ дар вуҷуди инсон рушд меёбанд.

Оилаи хубу солим беҳтарин мактабест, ки дар он наврасон хушҳолӣ, хушхулқӣ, ҳамзистӣ, масъулиятшиносӣ, ахлоқи ҳамида, фарқияти неку бад, оқибатҳои нохуши ҷинояту ҷинояткорӣ ва зарурияти касбомӯзию бунёдкориро меомӯзад. Дар оилаи бад бошад баракс наврасон танҳо дарси интиқом, турушрӯӣ, чинояткорӣ ва бадбинию дурӯягиро азхуд менамоянд.

Фарзанд мисли лавҳаи тозаест, ки дар он чизе навишта нашудааст. Оила  вазифадор аст, ки дар ин лавҳа сифатҳои ифтихоромезро сабт намуда, зиндагии ояндаи ӯро рӯшан гардонад. Дар вуҷуди фарзанд  меҳру муҳаббат, унсу улфат ва муҳаббат тарбия намояд. Одобу ахлоқ, расму русум ва суннатҳои фарҳанги миллати хешро ҷорӣ бинмояд. Дар хулқи наврас ахлоқи наҷиб, эътимод, покӣ, эҳтиром ба қонун ва инсониятро парвариш намояд. Оила фардро ба зиндагии иҷтимоӣ омода сохта, тахайюлоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва идеалҳоро инкишоф медиҳад.

Бояд эътироф намоем, ки оила дар тарбияи наврасон ва омодагии онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ нақши калидӣ дорад. Барои ҳамин ҳаёти оилавӣ бояд муқаддимаи ҳаёти иҷтимоӣ бошад ва наврасон аз онҷо барои ҳаёти ҷамъиятӣ пухта ба камол рассанд. Хуллас, оила аввалин ва муҳимтарин макони тарбияи фарзандон аст. Ҳар гуна дигаргунӣ ва тағйироти иҷтимоӣ дар шуури наврасон бояд аз ҷо оғоз ёбад ва ҳар як иқдоми нек мебояди дар  оила сурат бигирад.

Оминаи Ашурмад, сармутахассис, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки     мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code