Кӯлоб. Қабули шаҳрвандон

Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб ва муовинони раис қабули шаҳрвандон доир карда мешавад.

Имрӯз санаи 27-уми октябри соли 2018  аз тарафи  раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Хайрулло Амонулло  ва муовини раиси шаҳр Ҳафизов Пулод қабули шаҳрвандон  доир гардид. Раиси шаҳри Кӯлоб 21 нафар  ва муовини раиси шаҳр Ҳафизов   Пулод 23 нафар муроҷиаткунандагонро ба ҳузур пазируфта,  арзу дархости онҳоро шунида,  ба дархостҳои онҳо     ҷавобҳои қонеъкунанда доданд.

Аз ҷумла дар қабули имрӯзаи раиси шаҳр ба  сокини шаҳри Кӯлоб, Астанақулова Қурбонгул аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳр ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаи молиявӣ расонида шуд.

                                                             Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code