Мусобиқаи умумиҷумҳуриявии чавгонбозӣ дар шаҳри Кӯлоб

         

 

 

 

 

 

 

   Чавгонбозӣ бозии қадимаи миллии аҷдодонамон маҳсуб ёфта, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо эҳё шуда аст. Бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз санаи 26 -уми октябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб мусобиқаи умумиҷумҳурияии чавгонбозӣ оғоз ёфт.

 Мусобиқаро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ бахшида, варзишгаронро ба шаҳри Кӯлоб хайрамақдам гуфта, ба ҳамаи онҳо дасти боло ва ғолибиятро таманно намуданд. Дар мусобиқа дастаҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ширкат намуданд. Бозиҳо пагоҳ ҷамбаст гардида, ғолибон муайян мегарданд.                                                                                                                                                                                Бахши бойгонӣ-матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code