Медали тилло муборак!

 Санаи 19-22 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди варзиши ҶИУ ҶИТСУ баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур намояндагони зиёда аз 100 кишвари олам иштирок намуданд. Хушбахтона дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини шаҳри Кулоб, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Муродов Фазлиддин дар вазни 73 кг баромад намуда,  сазовари ҷои аввал ва медали тилло гардид.

Муродов Фазлиддин бахшида ба ин дастовардаш аз тарафи Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба маблағи 5 000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд. Варзишгар дар ояндаи наздик дар чунин мусобиқаи сатҳи баланд ба  шаҳри Абу Дабии Арабистони Саудӣ  ширкат менамояд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code