2018-СОЛИ ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ ВА КАСБУ КОРИ БОБОӢ

Тибқи нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ  дар шаҳри Кӯлоб  дар маҳаллаи С. Сангови шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва муовини раиси шаҳр, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саидмурод иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳангоми суҳбат гуфта шуд, ки имсол барои ҳунармандон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хотирмон хоҳад буд. Ба хотири оне, ки ҳунарҳои дастӣ ва касбу кори бобоӣ, ки дар бисёр аз шаҳру ноҳияҳо баъзеашон қариб ба вартаи фаромӯши рафта буданд, аз нав эҳё ва зиндагардонида шуданд. Аз ҷониби дигар барои ҳунармандон имтиёзҳо дода шудааст ва барои дилхоҳ маҳсулотҳое, ки дар шароити  хона истеҳсол мешаванд, яъне ҳунарҳои дастӣ аз ҳамагуна андозҳо озод гардиданд. Ин иқдоми ғамхоронаи Пешвои миллат баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ташкил намудани ҷойҳои кории доимӣ мусоидат менамояд.

Дар ин росто таъкид шуд, ки ҷомеаи моро мебояд дар зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлати худ зичтар муттаҳид шуда, баҳри ободии ватан ва зиндагии шоистаи мардум саҳми худро гузоранд.

Дар охир аз ҷониби ҳунармандони маҳалла чорабинии фарҳангӣ ташкил гардид, ки басо хотирмон буд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code